Имрӯз, 1-уми апрели соли 2025 дар Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон курси такмили ихтисос барои роҳбарони сохторҳои танзими ҷашну маросими мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо аз рӯйи барномаи “Сиёсати давлатӣ оид ба танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” ифтитоҳ гардид.
Зимни ифтитоҳи расмии курс Одиназода Фирдавс Ҷалил –ноиби якум, ноиби ректор оид ба таълим, н.и. и., дотсент, Олимзлда Фарохулло- муовини раиси Кумитаи дин ва танзими ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳамидзода Шоҳрух Бозор – директори Донишкадаи такмили ихтисос ва бозомӯзии хизматчиёни давлатӣ ва шунавандагони курси мазкур иштирок доштанд.
Масъулини дахлдор қайд намуданд, ки ҳадаф аз ташкили баргузории курсҳои такмили ихтисос баланд бардоштани сатҳи донишҳои ҳуқуқии хизматчиёни давлатӣ мебошад. Бинбоар ин, гуфта шуд, ки дар давоми 46 соатҳои дарсӣ шунавандагонро зарур аст, ки аз модулҳои таълимии устодон самаранок истифода баранд.
Тибқи барномаи баргузории машғулиятҳои таълимӣ дар раванди курси мазкур шарҳи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ», «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ», «Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ», «Дар бораи хизмати давлатӣ», Кодекси одоби хизматчии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, расмиёти маъмурӣ, тартиби ҳуҷҷатгузории парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ, мактаби давлатдории Эмомалӣ Раҳмон: масъалаҳои ташаккул ва рушд ва дигар масъалаҳои муҳим мавриди таҳлилу омӯзиш қарор дода мешаванд.