Раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Аз 16 январи соли 2024 ба ҳайси Раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият мекунад.
Соли таваллуд: 06 апрели соли 1988
Ҷои таваллуд: ноҳияи Данғара, Ҷумҳурии Тоҷикистон
Миллат: тоҷик
Таҳсилот: олӣ
Соли 2010 Донишгоҳи молия ва иқтисоди Тоҷикистонро (рӯзона), соли 2018 Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро (ғоибона) ва соли 2022 Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро (ғоибона) хатм кардааст.
Ихтисос: иқтисодчӣ, молия ва қарз, идораи давлат ва ҳуқуқ
Унвони илмӣ: унвонҷӯи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон
Забонҳои хориҷӣ: русӣ, англисӣ бо луғат
Вакил: вакили Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Шоҳмансур даъватҳои 5–6; вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳавзаи интихоботии якмандатии Данғара №36, даъвати 6.
Мукофотҳо: Ифтихорномаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Аълочии ифтихории маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Аълочии фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Вазъи оилавӣ: оиладор, соҳиби 5 фарзанд.
Суроға: шаҳри Душанбе, ноҳияи Фирдавсӣ, гузаргоҳи 1-уми Н. Қарабоев, хонаи 7, ҳуҷраи 3
Раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон.
вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳавзаи интихоботии якмандатии Данғара №36, муовини якуми Раиси Фраксияи ҲХДТ дар Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
омӯзгори Коллеҷи техникии ДТТ ба номи академик М. С. Осимӣ.
раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе.
муовини раис — мудири шуъбаи ташкилии КИ ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансур.
мудири бахши омор ва баҳисобгирии аъзои ҳизбии шуъбаи ташкилии КИ ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансур.
хизмати ҳарбӣ дар қисми низомии 3502 РҚД ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон.
роҳбари намояндагии ТҶҶ «Созандагони Ватан» дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе.
мутахассиси шуъбаи таблиғот ва иттилооти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансур.
донишҷӯи Донишгоҳи иқтисод ва молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон.
роҳбалади Осорхонаи миллии ноҳияи Данғара.
донишҷӯи Литсейи техникии аграрии ноҳияи Данғара.