«Об – сарчашмаи ҳаёт аст.» Воқеан ҳам, бе об зиндагии инсон, рушди сохаи кишоварзӣ ва ҳифзи табиат ғайриимкон аст. Аммо на ҳар обе, ки шаффоф менамояд, ҳатман сифати хуб дорад. Барои муайян намудани сифати воқеии об таҳлили лабораторӣ гузаронида мешавад.
Ман ҳамчун озмоишгари ташхисгохи мелиоратсия дар самти ташхиси об фаъолият мекунам. Вазифаи мо муайян намудани таркиби кимиёвии об ва арзёбии мувофиқати он барои обёрӣ ва дигар истифодаҳо мебошад.
Дар озмоишгоҳ миқдори ионҳои гидрокарбонат (HCO₃⁻), хлорид (Cl⁻), сулфат (SO₄²⁻), калсий (Ca²⁺), магний (Mg²⁺) ва натрий (Na⁺)-ро муайян менамоем. Аз рӯи ин нишондиҳандаҳо дараҷаи минералнокӣ ва шӯрии об баҳогузорӣ карда мешавад.
Чаро ин муҳим аст? Зеро агар оби дорои намакҳои зиёд барои обёрӣ истифода шавад, бо мурури замон намакхо дар хок ҷамъ шуда, замин шӯр мегардад. Дар натиҷа ҳосилнокии зироатҳо коҳиш ёфта, ҳолати мелиоративии замин бад мешавад. Аз ин рӯ, ҳар як таҳлили лабораторӣ барои ҳифзи заминҳои кишоварзӣ ва истифодаи самараноки захираҳои об аҳамияти калон дорад.
Натиҷаҳои таҳлилҳои обу хок ба кишоварзон, дехкон мутахассисон ва масъулини соҳа имкон медиханд, ки тарзи дурусти истифодаи обро интихоб намуда барои бехтар намудани халати замин тадбирхои зарури андешанд.
Имрӯз, дар шароити тағйирёбии иқлим ва афзоиши талабот ба об, масъулияти мо боз ҳам бештар мегардад. Ҳифзи ҳар қатра об ва назорати сифати он на танҳо вазифаи мутахассисон, ба неъмати бебаҳои табиат муносибат намоем, захираҳои обро ҳифз кунем ва онҳоро оқилона истифода барем. Зеро об кафолати саломатӣ, ҳосили фаровон ва ояндаи дурахшони Ватани азизи мост.