Институти хокшиносӣ ва агрохимияи Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон шуморо барои идомаи таҳсил дар барномаҳои магистратура ва докторантураи аз рӯи ихтисосҳои «Агрохимия», «Хокшиносӣ» ва «Мелиоратсия» даъват менамоем. Барномаҳои магистратура ва…
Институти хокшиносӣ ва агрохимияи Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон шуморо барои идомаи таҳсил дар барномаҳои магистратура ва докторантураи аз рӯи ихтисосҳои «Агрохимия», «Хокшиносӣ» ва «Мелиоратсия» даъват менамоем.
Барномаҳои магистратура ва докторантура имконияти васеъро барои рушди касбӣ, фаъолияти илмӣ-тадқиқотӣ ва такмили ихтисоси академӣ фароҳам меоранд. Ин барномаҳо барои шахсоне пешбинӣ шудаанд, ки мехоҳанд ҳамчун муҳаққиқ, омӯзгор, коршиноси соҳаи кишоварзӣ, мутахассиси озмоишгоҳҳо, мушовири илмӣ ё роҳбари лоиҳаҳои илмӣ фаъолият намоянд.
Бо интихоби таҳсил дар ин самтҳо шумо ба ҷомеаи илмии ҷаҳонӣ ҳамроҳ шуда, дар ҳалли яке аз масъалаҳои муҳими замони муосир — таъмини аҳолӣ бо маҳсулоти босифати ғизоӣ ва ҳифзи захираҳои табиӣ барои наслҳои оянда саҳми арзанда мегузоред.
Баъди анҷоми таҳсил хатмкунандагон метавонанд фаъолияти касбии худро дар муассисаҳои зерин идома диҳанд:
ташкилотҳои байналмилалии илмӣ, экологӣ ва рушди кишоварзӣ
ҶАВОНОНИ АЗИЗ, ХАТМКУНАНДАГОНИ ДОНИШГОҲҲОИ ҶУМҲУРӢ!
Агар шумо табиатро дӯст медоред ва мехоҳед, ки ихтисоси зарурии бахши аграрии кишварро ба даст оред, МО Шуморо барои давом додани таҳсил дар зинаҳои магистратура ва доктор PhD дар Институти хокшиносӣ ва агрохимия ИНТИЗОРЕМ.
Суроға: шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ, 21А.
Телефонҳо барои тамос: (37) 221-46-12, +992 931 568 720
Институти хокшиносӣ ва агрохимияи Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон