Пойгоҳи «Карсанг»-и ноҳияи Файзобод яке аз пойгоҳҳои илмию тадқиқотии институт маҳсуб ёфта, дар ин мавзеъ олимону мутахассисон пайваста оид ба ҳифзи хок аз эрозия, роҳҳои нигоҳдорӣ ва ҷамъ намудани намии табиии хок дар шароити лалмӣ бо истифода аз усулҳои рӯйпӯшкунӣ ва парвариши зироатҳои ғалладонаи тирамоҳӣ ва баҳорӣ тадқиқотҳои илмии худро анҷом медиҳанд.
Бо дастгирии роҳбари Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон, профессор Салимзода Амонулло Файзулло, дар майдони 1 гектар заминҳои вобаста ба ин пойгоҳ боғи интенсивӣ бунёд гардид.
Тавре роҳбари пойгоҳ Асадуллозода Абдулло иброз намуд, дарахтони боғ асосан аз навъҳои беҳтарини себ иборат буда, бо мақсади истифодаи самараноки ҳар қитъаи замин байни қаторҳо помидор ва қаламфури булғорӣ кишт карда шудаанд.
Бо мақсади шиносоӣ бо рафти корҳои анҷомёфта то имрӯз роҳбари институт Бобохониён Зебиниссо аз ин пойгоҳ боздид намуд.