Дар Қасри фарҳанги шаҳри Бохтар ҷаласаи муштараки ҳамаи мақомоти намояндагии ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон, шаҳрҳо ва ноҳияҳои он оид ба интихоботи вакилони Маҷлиси миллӣ Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳавзаи интихоботии бисёрмандатаи №3 вилояти Хатлон баргузор гардид, ки дар он панҷ нафар номзад ба вакилии Маҷлиси миллӣ Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шуданд.
Дар интихоботи аъзои Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳавзаи интихоботии бисёрмандатаи №3 вилояти Хатлон 541 нафар вакили маҷлисҳои вакилони халқи вилояти Хатлон, шаҳрҳо ва ноҳияҳои он ширкат варзиданд.
Комиссияи ҳавзавии интихоботӣ ҳамаи чораҳои заруриро барои баргузории интихоботи вакилони маҷлиси миллӣ амалӣ намуда, шароити мусоидро барои овоздиҳии озоду шаффоф фароҳам овард. Участкаҳои интихоботӣ бо тамоми таҷҳизоти зарурӣ таъмин гардида буданд, ки барои ҳар як интихобкунанда шароити муносиби овоздиҳӣ муҳайё шуд.
Мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамаи номзадҳо дар ҳавзаи интихоботии бисёрмандатаи №3 вилояти Хатлон ба қайд гирифта шуда, дар ҷаласаҳои Маҷлиси вакилони халқи вилояти Хатлон, шаҳрҳо ва ноҳияҳои он панҷ нафар ба ҳайси номзад пешниҳод гардиданд:
Давлаталӣ Саид, раиси вилояти Хатлон — аз ҷониби маҷлисҳои вакилони халқи шаҳри Левакант ва ноҳияҳои Ҷалолиддини Балхӣ, Вахш ва Кӯшониён;
Назарзода Бахтиёр Хӯҷаёр, раиси шаҳри Кӯлоб — аз ҷониби маҷлисҳои вакилони халқи шаҳри Кӯлоб ва ноҳияҳои Муминобод, Темурмалик, Ховалинг ва Шамсиддини Шоҳин;
Назири Зариф Вализода, раиси ноҳияи Фархор — аз ҷониби маҷлисҳои вакилони халқи ноҳияҳои Данғара, Фархор, Мир Саид Алии Ҳамадонӣ, Восеъ ва Балҷувон;
Вализода Икромиддин Сироҷиддин, раиси ноҳияи Ёвон — аз ҷониби маҷлисҳои вакилони халқи шаҳри Бохтар ва ноҳияҳои Норак, Ёвон, Хуросон ва Абдураҳмони Ҷомӣ;
Сабурзода Мирзодавлат, раиси ноҳияи Қубодиён — аз ҷониби маҷлисҳои вакилони халқи ноҳияҳои Қубодиён, Шаҳритус, Носири Хусрав, Дӯстӣ, Ҷайҳун ва Панҷ.
Овоздиҳӣ дар интихоботи вакилони Маҷлиси миллӣ ба таври пинҳонӣ сурат гирифт.
Интихоботи вакилони Маҷлиси миллӣ Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар фазои озод ва шаффоф, мутобиқи талаботи қонунгузорӣ баргузор гардида, натиҷаҳои он раванди демократӣ ва иштироки фаъолонаи вакилони халқро инъикос намуд.
Ҳамаи номзадҳо аксарияти овозҳоро ба даст оварда, вакилони Маҷлиси миллӣ Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардиданд.
Баъд аз эълони натиҷаҳои овоздиҳӣ раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид суханронӣ намуда, аҳамияти ин интихоботро дар таҳкими қонуният ва идомаи рушди кишвар зикр кард. Таъкид гардид, ки намояндагони интихобшуда дорои таҷрибаи бойи роҳбарӣ, масъулияти баланди сиёсӣ мебошанд ва метавонанд ба рушди минбаъдаи қонунгузории кишвар саҳми арзанда гузоранд.