Роҳбарият ва кормандони Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз даргузашти нобаҳангоми муовини Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон муҳтарам Мирзонабот Алишер Худобердӣ сахт андӯҳгин буда, ба пайвандону наздикони марҳум ва мардуми шарафманди Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳамдардии амиқ ва таслияти самимӣ изҳор мекунанд.
Хотираи неки марҳум ҳамчун фарзанди вафодори Ватан, роҳбари донишманд ва инсони наҷиб дар қалби мардум ҷовидон боқӣ хоҳад монд.