Дар Хадамот семинар-машварати техникӣ дар мавзӯи "Бехатарии саноатӣ дар корхонаҳои истихроҷкунандаи конҳои канданиҳои фоиданоки маъмулӣ" баргузор гардид. Дар семинар-машварат Мирзозода Ардашер - муовини якуми сардори Хадамот, Азиззода Табассум - муовини сардори Хадамот, сардорони нозиротҳои Хадамот, намояндагони Вазорати саноат ва технологияхои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон, Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамчунин намояндагони корхонаҳои истеҳсоли масолеҳи сохтмонӣ иштирок намуданд.
Дар семинар масъалаҳои пешгирии ҳодисаҳои нохуш, таъмини ҳуҷҷатгузории техникӣ дар корхонаҳои масолеҳи сохтмон, риояи талаботи бехатарии саноатӣ ва самаранок ва оқилона истифодабарии сарватҳои зеризаминӣ мавриди муҳокима қарор дода шуд.