31-уми январи соли 2025 Директори Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Форуми байналмилалии «Digital Almaty 2025», ки дар шаҳри Алма-Атои Қазоқистон ҷараён дорад, иштирок намуданд.
Дар кори форуми мазкур беш аз 220 ширкатҳои бузурги ҷаҳонӣ ширкат варзида, интизор меравад, ки тақрибан 40 ҳазор нафар меҳмон аз соҳаҳои гуногуни рақамикунонӣ аз кишварҳои дуру наздик ташриф меоранд.
Мавзуи меҳварии кори форумро ҳамгироии зеҳни сунъӣ ба экосистемаҳои соҳаҳои саноат, иқтисод, молия, тиб, маориф ва амнияти киберӣ фаро мегирифт.
Дар доираи сафари мазкур силсилаи вохӯриҳои Директори Агентӣ бо ҳамтоёни худ аз кишварҳои хориҷӣ дар назар аст.