3 июни соли 2026 дар шаҳри Душанбе Форуми байналмилалии PARWONA бо иштироки намояндагони мақомоти давлатӣ, бахши хусусӣ, созмонҳои байналмилалӣ ва коршиносони соҳаи иқтисоди рақамӣ ва тиҷорати электронӣ баргузор шуд.
Дар форум масъалаҳои рушди тиҷорати электронӣ дар Тоҷикистон, густариши имкониятҳои соҳибкорон барои дастрасӣ ба бозорҳои хориҷӣ ва натиҷаҳои татбиқи лоиҳаи PARWONA баррасӣ гардиданд.
Мавзӯи асосии чорабинӣ ба рушди соҳибкории занон ва тавсеаи имкониятҳои иқтисодӣ барои занон ва ҷавонон тавассути технологияҳои рақамӣ бахшида шуд.
Роҳбарияти Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъкид намуд, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон рушди иқтисоди рақамӣ ва тиҷорати электрониро яке аз самтҳои афзалиятнок медонад ва ҷиҳати густариши он тадбирҳои пайваста амалӣ менамояд.
Дар доираи форум намоишгоҳи маҳсулот ва хизматрасониҳои ширкатҳо баргузор гардида, намунаҳои муваффақи тиҷорати электронӣ муаррифӣ шуданд.
Форум бо дастгирии лоиҳаи PARWONA-и Бонки Ҷаҳонӣ ва дар ҳамкорӣ бо Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамӣ ва шарикони бахши хусусӣ, аз ҷумла LakLak, Avval ва Alif Shop ташкил гардид.