Меҳргон яке аз куҳантарин ҷашнҳо мардуми ориёинаҷод буда, гузаштагонамон онро ҳамчун ситоишу ниёиши Меҳр ё Митро ва рамзи аҳду паймонва дӯстиву муҳаббати ойини меҳрпарастӣ таъбир кардаанд.Меҳргон иди ҷамъоварии ҳосили рӯёндаи деҳқон, иди фаровонӣ, шодию нишот, дӯстию рафоқат, ваҳдату ягонагӣ ва меҳру садоқат аст.
Ин ҷашн баробари инкишоф ёфтани корҳои деҳқонӣ ва ҷорӣ шудани тақвими деҳқонӣ пайдо шудааст. Меҳргон асосан иди ҳосилот аст ва дар оғози фасли тирамоҳ ҷашн гирифта мешавад. Деҳқонон дар ҳамин рӯзҳо ба ҷамъоварии ғалла сар мекарданд. Мувофиқи достонҳои қадима гӯё Фаридун дар ин рӯз ба Заҳҳок ғолиб меояд ва ӯро дар кӯҳи Дамованд ҳабс мекунад. Дар ин рӯз мардум ба якдигар номаҳо менавиштанд, табрик мекарданд, тӯҳфаҳо тақдим менамуданд. Панҷ рӯзи аввал ҷашни ҳамагон буда, онро Меҳргони омма ё кӯчак меномиданд, рӯзи шашум ҷашни расмӣ буда, онро шоҳ бо аҳли дарбор ҷашн мекарданд, ки Меҳргони бузург меномиданд.
Дар давраи Сосониён ҷашни Меҳргон бисёр бошукӯҳ ва ботантана мегузашт. Ҷашнгирии Меҳргон ба иди Наврӯз хеле монандӣ дорад. Мардум хонаю дарашонро тоза мекарданд, беҳтарин либосашонро мепӯшиданд, худро зебо намуда, ба идгоҳҳо мерафтанд. Умуман, дар ин рӯз ҳама ба якдигар меҳрубониҳои зиёд мекарданд.
Баъди Инқилоби Октябр дар байни деҳқонони Осиёи Миёна, аз ҷумла тоҷикон, анъанаҳои нав, ба мисли иди ҳосилот пайдо шуда буданд. Ба ҷашни Меҳргон истиқлолият умри дубора бахшид.
Меҳргон тибқи андеша ва эътиқоди ниёгони мо дар рӯзи аввали моҳи Меҳр ва оғози фасли тирамоҳ таҷлил карда мешудааст. Он дорои эътидоли кайҳонӣ буда, дар ин айём рӯзу шаб баробар мешавад ва ба ин сабаб номи ин моҳро Меҳр гузоштаанд. Мувофиқи ойини гузаштагонамон, дар рӯзҳои ҷашни Меҳргон маросимҳои зиёде сурат мегирифтанд, зеро дар давраҳои бостон шуғли аксарияти одамон кишоварзӣ буд. Аз ин рӣ, пас аз ғунучини ҳосил барои баргузор кардани ҷашну шодӣ ва истироҳати кишоварзон замони муносиб будааст.
Дар мавсими ҷамъоварии ҳосили меҳнати марди деҳқон фаро расидани иди Меҳргон басо рамзӣ буда, ҳамчун иди касбии кишоварзон ба ҳукми анъана даромадани таҷлили расмии ҷашнвораи мазкур далели он аст, ки миллати куҳанбунёди мо дар партави сиёсати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рӯ ба арзишҳои гузаштаи фарҳангии хеш овардааст ва эҳёи онҳоро вазифаи бошарафи худ медонад.