Зан-Модар меҳрубонтарин ва азизтарин шахс барои ҳар як инсон аст ва дар тамоми лаҳзаҳои ҳаёт дастгиру мададгори фарзанд мебошад ва дар ҳама ҳолат моро дӯст медорад. Чуноне бузургон гуфтаанд, «ҳеҷ кас наметавонад муҳаббатеро амиқтар ва воқеитар аз муҳаббати модари худ дарёбад».
Ягона орзуи занону модарон сулҳу ваҳдат ва хушбахтии фарзандон мебошад ва онҳо доим кӯшиш мекунанд, ки фарзандонашон ватандӯст бошанд, соҳибмаърифат гарданд, бо илму дониш ва касбу ҳунар ба ватани хеш хизмат намоянд.
Шахсиятҳои зиёди муътабаре модарро васф кардаанд. Чуноне, ки Паёмбари ислом мегӯяд: «Биҳишт зери қадами модарон аст».
Ҷаннат, ки ризои модарон аст,
Дар зери қудуми модарон аст.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки аз рӯзҳои аввали сарвариашон васофи сулҳанд ва аз модарону бонувон пуштибонӣ менамоянд гуфтаанд: «Модари тоҷик бо ақлу фаросат, донишу таҷриба ва муҳаббату садоқати худ дар ҳақиқат азизтарин нигини тоҷи миллати мо мебошад».
Напалеон бузургии зан модарро васф намуда, гуфтааст: «Модар бо як дасташ гаҳвора ва бо дасти дигараш дунёро такон медиҳад».
Шоири зиндаёд Лоиқ Шералӣ занонро васф намудааст:
Дару девори ҷаҳон худ дару девори зан аст,
Кори дунё ҳама дар пайравии кори зан аст.
Гар равад зери замин ё ба фалак хайма занад,
Ҳар куҷо марди бузургест, гирифтори зан аст.
Сиёсатмадор Маҳатма Гандӣ қайд намудааст, ки агар ба мард дониш диҳем, як фард маърифатнок мешавад ва агар ба зан дониш диҳем мо як оиларо маърифатнок менамоем.
Донишманди Амрикоӣ Алан Кэй мегуяд, ки “Модар гаронбаҳотарин дороии як миллат аст ва ба андозае арзиш дорад, ки метавон гуфт: Ҷомеа замоне ба авҷ мерасад, ки битавонад аз кору кирдорҳои модар пуштибонӣ кунад”. Яъне чӣ қадаре, ки мо Зан-Модарро васф намоем боз ҳам кам аст.
Пуштибонии зиёди занони тоҷик пас аз соҳибистиқлол гаштани кишварамон таҳти роҳбарии бевоситаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сурат гирифтааст. Ғамхорӣ ба занону ҷавондухтарон бахши муҳими сиёсати иҷтимоии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба шумор рафта, исботи ин гуфтаҳо санадҳои меъёрии ҳуқуқии қабулнамуда, аз ҷумла, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи кафолатҳои давлатии баробарҳуқуқии мардону занон ва имкониятҳои баробари амалигардонии онҳо”, фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 декабри соли 1999 «Дар бораи тадбирҳои баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа», инчунин дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқие мебошанд, ки намунаи беҳтарини эътимоду боварӣ ба мо занон ва қадрдонӣ аз масъулиятшиносӣ ва ғайрату кордониамон аст.
Имрӯз баҳри баланд бардоштани маърифати сиёсиву ҳуқуқии занону ҷавондухтарон, барои фаъолгардонии нақшамон дар ҳаёти иқтисодиву иҷтимоӣ ва сиёсии кишвар ҳамаи омилҳо ва шароити иҷтимоиву фарҳангӣ ва иқтисодиву сиёсӣ фароҳам оварда шудаанд, ки масъулияти мо занонро дар пешбурди фаъолияти рӯзмараамон баҳри ободии кишвари азизамон зиёд менамояд.
Шоистаи зикр аст, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба масъалаи таъмини баробарии занон ва мардон диққати махсус медиҳад. Имрӯзҳо иштироки занону ҷавондухтарон дар ҳама ҷабҳаҳои зиндагӣ эҳсос карда мешавад ва онҳо ҳуқуқи фаъолият намудан дар ҳама сохторҳои давлатиро доранд. Аз ҷумла кам нестанд заноне, ки дар сиёсати давлатӣ кору фаъолият мебаранд.
Барои мо занон боиси хурсандӣ ва шарафмандист, ки занҳои тоҷик бо меҳнати софдилонаю содиқонаашон на танҳо дар кишварамон, балки дар хориҷи кишвар ҳамчун сиёсатмадорони заковатманд эътироф шудаанд ва яке аз намунаи онҳо Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Раҳмон Озода Эмомалӣ мебошанд, ки Сафири Созмони байналмилалии «Занони сиёсатмадори роҳбар» таъйин гаштанд.
Рӯз то рӯз зиёд гаштани сафи занҳо дар парлумони кишвар, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, соҳаҳои маорифу тандурустӣ, молияю бонкдорӣ шаҳодати он аст, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба занон эътимоду боварӣ дорад ва нақши онҳо дар ҷомеа баланд мебошад ва онҳо дар рушди давлати соҳибистиқлоламон баробари мардон саҳми босазо гузошта метавонанд.
Нақши занону духтарон дар рушди идоракунии давлатӣ ва хизмати давлатиро Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муҳим арзёбӣ намуда, дар паёмҳои ҳарсола ва дигар суханрониҳои барномавии худ вобаста ба масъалаи ҷалби занон ва духтарони лаёқатманд ба идоракунии давлатӣ таваҷҷуҳи хоса зоҳир карда, ҷиҳати афзоиш додани сафи занон дар хизмати давлатӣ дастуру супоришҳои мушаххас ба тасвиб мерасонанд.
Хушбахтона Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз рӯзҳои аввали сарвариашон ба маърифатноккунии духтарон ғамхорӣ зоҳир намуда, барои духтарони деҳоту ноҳияҳои дурдаст квотаи президентӣ муқаррар намуданд, ки тавассути он то имрӯз ҳазорон нафар духтарон муассисаҳои таҳсилоти олии касбиро хатм карда, ҳоло дар соҳаҳои гуногуни ҳаёти ҷомеа ва давлат муваффақона кору фаъолият доранд.
Ҳамзамон, барои дастгириву ҳавасмандгардонии занону ҷавондухтарон як қатор имтиёзҳо, аз қабили стипендияҳои президентӣ, грантҳои Ҳукумати Тоҷикистон муқаррар гардида, занону ҷавондухтарони лаёқатманд ба идоракунии давлатӣ ва ба мансабҳои роҳбарикунанда пешбарӣ мегарданд. Барои рушди тарбияи маънавӣ донишандузӣ китобхонаҳои муосир ба истифода дода шудаанд, марказҳои варзишиву фарҳангӣ ҳамасола зиёд гардида истодааст.
Ин эътимоду боварии Пешвои миллат ба мо модарон аст ва мо бояд дар роҳи пешрафти Ватани азизамон саҳмгузор бошем, то ин ки кишварамонро ба як сарзамини обод ва ҳамқадами ҷаҳони муосир табдил диҳем. Дар зеҳну шуури ҷавонон ахлоқи ҳамида, омӯзиши илму дониш ва касбу ҳунарҳои муосир, меҳнатдӯстӣ ва риояи волоияти қонунро тарбия намуда, эҳсоси худшиносии милливу ифтихори ватандорӣ ва таҳаммулгароии оноҳоро зиёд намоем. Онҳоро дар рӯҳияи ватандӯстӣ, ободкорӣ, ҳифзи истиқлолияти давлатӣ, ваҳдати миллӣ, амнияти мардум ва давлатамон тарбия намоем.
Бо ибрози беҳтарин ниятҳои нек модарону бонувони арҷманди Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро ва дар симои онҳо модарону бонувони кишвари азизамонро ба ифтихори ҷашни фархундаи Рӯзи модар муборакбод намуда, ба онҳо сиҳатмандӣ, иқболи баланд, дар хонадонашон осоишу оромӣ ва хушбахтиву файзу баракат орзу менамоям.