Санаи 1 июли соли 2026 дар шахри Бохтари вилояти Хатлон семинар - машварати омӯзишӣ дар мавзуи “Низоми электронии гардиши ҳуҷҷатҳо: тартиби истифода ва масъалаҳои амалии корбарӣ дар соҳаи истеҳсолоти иҷро” барои сардорон ва мудирони шуъбаву бахшҳои…
Санаи 1 июли соли 2026 дар шахри Бохтари вилояти Хатлон семинар - машварати омӯзишӣ дар мавзуи “Низоми электронии гардиши ҳуҷҷатҳо: тартиби истифода ва масъалаҳои амалии корбарӣ дар соҳаи истеҳсолоти иҷро” барои сардорон ва мудирони шуъбаву бахшҳои Хадамоти иҷро дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон ва дигар кормандони дахлдор оғоз гардид.
Иқдоми мазкур дар доираи Нақшаи чорабиниҳои амалисозии Барномаи рушд ва рақамикунонӣ дар мақомоти иҷрои Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026–2030 роҳандозӣ гардида, ба таҳкими низоми идоракунии давлатӣ дар соҳаи истеҳсолоти иҷро, баланд бардоштани сатҳи масъулияти хизматӣ, такмили малакаҳои касбӣ ва донишҳои соҳавӣ, инчунин, густариши истифодаи технологияҳои рақамӣ равона шудааст.
Семинар - машварати омӯзишӣ давоми рӯзҳои 1-2 июл идома ёфта, дар доираи он масъалаҳои зерин мавриди баррасӣ қарор мегиранд:
- риояи стандартҳои рафтор ва қоидаҳои одоби кормандони мақомоти иҷро ҳамчун омили муҳими рушди мақомот;
- фаъолияти коргузорӣ дар мақомоти иҷро: мушкилоти ҷойдошта ва роҳҳои ҳалли он;
- рақамикунонии равандҳои истеҳсолоти иҷро, татбиқи низомҳои иттилоотии соҳавӣ ва истифодаи хизматрасониҳои электронӣ;
- низоми ягонаи гардиши ҳуҷҷатҳои электронӣ: самараноки ва тартиби истифодаи он (барномаи edo.innovation.tj);
- маҳдудияти қонунӣ нисбати қарздорон ва тартиби амалигардонии онҳо;