11 марти соли 2026 дар дастгоњи марказии Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон семинар-машварати омӯзишӣ дар мавзуи “Танзими давлатии соҳаи истеҳсолоти иҷро: мушкилоти ҷойдошта ва роҳҳои ҳалли онҳо” барои сардорон ва мудирони шуъбаву…
11 марти соли 2026 дар дастгоњи марказии Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон семинар-машварати омӯзишӣ дар мавзуи “Танзими давлатии соҳаи истеҳсолоти иҷро: мушкилоти ҷойдошта ва роҳҳои ҳалли онҳо” барои сардорон ва мудирони шуъбаву бахшҳои Хадамоти иҷро дар ноҳияҳои шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва дигар кормандони дахлдор оғоз гардид.
Иқдоми мазкур дар доираи нақшаи чорабиниҳои амалисозии Барномаи рушд ва рақамикунонӣ дар мақомоти иҷрои Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026–2030 роҳандозӣ гардида, ба таҳкими низоми идоракунии давлатӣ дар соҳаи истеҳсолоти иҷро, баланд бардоштани сатҳи масъулияти хизматӣ, такмили малакаҳои касбӣ ва донишҳои соҳавӣ, инчунин густариши истифодаи технологияҳои рақамӣ равона шудааст.
Дар маросими ифтитоҳ сардори Хадамоти иҷро, мушовири давлатии адлияи дараҷаи 3, муҳтарам Аҳтам Абдуллозода таъкид доштанд, ки такмили механизми танзими давлатӣ дар соҳаи истеҳсолоти иҷро омили муҳими таъмини волоияти қонун, ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои қонунии шаҳрвандон ва шахсони ҳуқуқӣ, инчунин баланд бардоштани эътимоди ҷомеа ба мақомоти давлатӣ мебошад. Зикр гардид, ки дар шароити муосир, бо назардошти афзоиши ҳаҷми санадҳои иҷро ва мураккаб гардидани муносибатҳои ҳуқуқӣ, зарурати такмили равандҳои ташкилӣ-идоракунӣ ва ҷорӣ намудани усулҳои муосири менеҷмент ва рақамикунонӣ беш аз пеш аҳаммияти хос касб менамояд.
Дар доираи семинар масъалаҳои зерин мавриди баррасӣ қарор мегиранд:
- заминаҳои ҳуқуқӣ ва самтҳои асосии фаъолияти Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон;