Санаи 20-уми феврали соли ҷорӣ, дар доираи нақша-чорабиниҳои муштарак, вохӯрии намояндагони Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо кормандони Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор…
Санаи 20-уми феврали соли ҷорӣ, дар доираи нақша-чорабиниҳои муштарак, вохӯрии намояндагони Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо кормандони Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.
Дар чорабинии мазкур муовини сардори Хадамот, мушовири адлияи дараҷаи 1 Ҷабборзода Динора Зуҳал, муовини сардори Раёсати муқовимат бо коррупсияи Агентӣ, майори адлия Акрамзода Ёсуман ва сардори бахши муқовимат бо коррупсияи Раёсати Агентӣ дар шаҳру ноҳияҳои минтақаи Рашт, майори адлия Соҳибназарзода Манучеҳр Соҳибназар ва хайати шахсии Хадамот иштирок намуданд.
Дар рафти мулоқот қайд гардид, ки коррупсия — ин зуҳуроти номатлубест, ки ба пояҳои давлатдорӣ зарар расонида, эътимоди мардумро ба мақомоти давлатӣ коҳиш медиҳад ва монеаи асосии рушди устувори ҷомеа ва таъмини адолати иҷтимоӣ маҳсуб меёбад.
Чорабинии зикргардида бо мақсади таҳкими ҳамкориҳои байнисоҳавӣ, баррасии раванди иҷрои санадҳои судӣ ва баланд бардоштани масъулияти касбии кормандони соҳа доир шуд.