Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар арафаи ҳар ҷашну идҳо барои дастгирию кумаки саривақтии табақаи ниёзманди ҷомеа, ба хусус ятимону маъюбон ва пиронсолон тадбирҳои таъхирнопазир андешида, дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар ин самт пайваста амалӣ менамояд.
Дасти ёрӣ дароз намудан ба ятимону бепарасторон, пиронсолон ва оилаҳои ниёзманд аз хислатҳои неки инсонӣ маҳсуб меёбанд ва хушбахтона имрӯз ҳамчун анъана дар арафаи ҳама иду ҷашнҳои миллӣ аз тарафи мақомотҳои давлатӣ анҷом дода мешавад.
Дар пайравӣ бо ташаббусу иқдомҳои инсондӯстонаи Пешвои муаззами миллат аз ҷониби сардори Ҳадамоти иҷрои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Саидвализода Барно Саиднабӣ дар арафаи Соли нави мелодӣ ба муассисаи давлатии “Хона-интернати пиронсолон ва маъюбон”-и шаҳри Турсунзода кумаки маводҳои эҳтиёҷотӣ, аз қабили орд, равған, биринҷ, шакар, уребча (памперс), хамираи дандоншӯӣ, собун, хокаи ҷомашӯӣ, сони сафед, инчунин ба кормандони дастгоҳи марказии Хадамот кумаки маводҳои ғизоӣ аз қабили орд, равған, биринҷ, картошка, сабзӣ, пиёз ва туҳфаҳои солинавӣ аз ҳисоби маблағҳои махсуси Хадамот расонида шуд.
Дар иртибот ба ин, аз ҷониби раёсатҳои иҷро дар вилоятҳои Суғду Хатлон ба муассисаи таълимии “Хона-интернат”-и ноҳияи Спитамен маводҳои зарурӣ аз қабили бистар (курпа), хамираи дандоншӯӣ, собун, хокаи ҷомашӯӣ, ба филиали ташкилоти ҷамъиятии “Иттиҳодияи миллии маъюбони Тоҷикистон” дар шаҳри Бохтар ва филиали ташкилоти ҷамъиятии “Ҷамъияти нобиноёни Тоҷикистон” дар шаҳри Бохтар кумаки молиявӣ аз ҳисоби маблағҳои махсус расонида шуд.
Дастгирии маъюбон, ятимону бепарасторон ва оилаҳои ниёзманд аз солҳои аввали соҳибистиқлолӣ дар мадди назари Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дошт ва чун анъана дар арафаи ҳама иду айём ин амали неку инсондӯстона сурат мегирад.