Санаи 17 июни соли 2025 дар шаҳри Душанбе аз ҷониби Саридораи ҳифзи сирри давлатии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо роҳбарони агентиҳои итилоотӣ, корхонаҳои полиграфӣ ва масъулони марказҳои матбуотии шаҳри Душанбе семинари омӯзишӣ дар мавзуӣ масъалаҳои ҳифзи сирри давлатӣ дар матбуот ва дигар воситаҳои ахбори омма дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.
Ҳадафи ташкил ва баргузории чорабинии болозикр ин омӯзиши санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳаи ҳифзи сирри давлатӣ, бахусус дар самти пешгирии ифшои сирри давлатӣ дар матбуот ва дигар воситаҳои ахбори омма буда, дар ҷараёни он масъалаҳои муҳими соҳа вобаста ба фаъолияти воситаҳои ахбори омма дар Ҷумҳурии Тоҷикситон мавриди баррасӣ қарор дода шудаанд.
Дар раванди чорабинӣ мутахассисони соҳа ва иштирокчиён оид ба масъалаҳои болозикр табодули афкор намуданд.