Қонун — Саридораи ҳифзи сирри давлатии назди Ҳукумати Ҷумҳурии ТоҷикистонҲамаи санадҳоҚонун
Бо қарори Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 12 апрели соли 2017 № 731
қабул карда шуд.
Бо қарори Маҷлиси миллии
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 18 майи соли 2017 № 397
ҷонибдорӣ карда шуд.
БОБИ 1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ
Моддаи 1. Мавзӯи танзим ва доираи амали Қонуни мазкур
1. Қонуни мазкур муносибатҳои ҷамъиятиро дар самти фаъолияти ҳуқуқэҷодкунӣ танзим намуда, принсипҳои асосӣ, мафҳум, намуд, низом, таносуби байни санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, эътибори ҳуқуқӣ, тартиби умумии таҳия, экспертиза, қабул, интишор, баҳисобгирӣ, бақайдгирии давлатӣ, амал, тафсир, мураттабсозии онҳо ва роҳҳои ҳалли ихтилофоти ҳуқуқиро муайян мекунад.
2. Хусусиятҳои таҳия, тасдиқ, қабул, бақайдгирӣ, мавриди амал қарор додан, интишор, тағйир додан, ворид намудани илова, қатъ кардан ё боздоштани амали намудҳои алоҳидаи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, ҳамчунин бо Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқие, ки фаъолияти мақомоти давлатӣ (шахсони мансабдори онҳо)-ро дар соҳаи фаъолияти ҳуқуқэҷодкунӣ танзим мекунанд, муайян карда мешаванд.
3. Қонуни мазкур муносибатҳои зеринро танзим намекунад:
- тартиби қабул, ворид намудани тағйиру иловаҳо ва қатъ намудани амали Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- тартиби ба имзо расонидан, тасдиқ (ратификатсия), тасдиқ, ҳамроҳшавӣ, бақайдгирӣ, интишор, иҷро намудан, бекор кардан (денонсатсия) ва боздоштани амали шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- тартиби қабул, ворид намудани тағйиру иловаҳо ва қатъ намудани амали санадҳои меъёрии дохилӣ (локалӣ) (Қонуни ҶТ аз 19.07.2019 № 1632);
- оид ба дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, ки дар Қонуни мазкур пешбинӣ нашудаанд.1 файл
DOCXҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ САНАДҲОИ МЕЪЁРИИ ҲУҚУҚӢ