Бо мақсади татбиқи барномаҳо ва стратегияҳои давлатии рақамисозии соҳаҳои иқтисодиёти миллӣ ва мутобиқ намудани расмиёти гумрукӣ ба стандартҳои байналмилалӣ, Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба иштирокчиёни фаъолияти иқтисодии хориҷӣ иттилоъ медиҳад, ки аз 1 октябри соли ҷорӣ барасмиятдарории молҳои воридотӣ ва содиротӣ, инчунин воситаҳои нақлиёт тавассути низоми иттилоотии мақомоти гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон «АСИКУДА» амалӣ карда мешавад.
Дар ин робита, бо мақсади содда намудани назорати гумрукӣ ва тезонидани расмиёти барасмиятдарории гумрукӣ дар гузаргоҳҳои сарҳади давлатӣ, воридкунандагон (импорткунандагон) уҳдадоранд маълумоти пешакиро оид ба молҳо ва воситаҳои нақлиёти воридшаванда дар шакли электронӣ тавассути низоми иттилоотии зикршуда на дертар аз ду соат пеш аз расидани онҳо ба сарҳади гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намоянд.
Гузариш ба истифодаи низоми иттилоотии «АСИКУДА», ки асосан дар реҷаи автоматӣ бо истифодаи унсурҳои зеҳни сунъӣ фаъолият менамояд, барасмиятдарории гумрукии молҳо ва воситаҳои нақлиётро аз рӯи ҳамаи расмиёт ва реҷаҳо фаро мегирад. Ин раванд ба соддасозӣ ва шаффофияти амалиёти гумрукӣ, таҳкими назорати гумрукӣ, инчунин баланд бардоштани сатҳ ва сифати воридоти пардохтҳои гумрукӣ ба Буҷети давлатӣ мусоидат менамояд. Ин иқдом марҳилаи муҳими рақамисозии равандҳои гумрукӣ ва густариши амалияи пардохтҳои ғайринақдӣ ба ҳисоб меравад.
Низоми мазкури иттилоотӣ, ки аз ҷониби Бонки ҷаҳонӣ дар доираи марҳилаи чоруми Лоиҳаи «Беҳтарсозии роҳҳои минтақавии алоқа дар Осиёи Марказӣ-4 (УРПСЦА-4)» маблағгузорӣ мегардад, дар асоси Созишномаи ҳамкорӣ аз 22 июни соли 2022, дар мақомоти гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Конфронси Созмони Милали Муттаҳид оид ба савдо ва рушд (UNCTAD) амалӣ карда мешавад.
«АСИКУДА» низоми муосири иттилоотии идоракунӣ, коркард ва таҳлили маълумоти гумрукӣ буда, дар зиёда аз 100 кишвари ҷаҳон истифода мешавад.
Ҳадафи ҷорӣ намудани ин низоми иттилоотӣ дар мақомоти гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон гузариш ба сатҳи сифатан нави маъмурияти равандҳои барасмиятдарории гумрукӣ, ҷорӣ намудани шакли пурраи эъломияи электронӣ бо истифода аз имзои электронии рақамӣ, фароҳам овардани имконияти эъломияи пешакии молҳо ва ташкили мубодилаи фаврии иттилооти зарурӣ бо вазорату идораҳои давлатӣ ва мақомоти гумруки давлатҳои хориҷӣ бо дарназардошти соддагардонии расмиёти савдо, кӯтоҳ намудани муҳлати барасмиятдарории гумрукӣ ва пешгӯишавандагии расмиёти гумрукӣ барои иштирокчиёни фаъолияти иқтисодии хориҷӣ мебошад.
Маркази матбуоти Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон