Дар асоси нақшаи чорабиниҳои муштараки «Мактаб ба мактаб»-и сохторҳои дахлдори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дар асоси қарори дахлдори Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ баргузории суҳбату вохӯриҳо дар муассисаҳои таълимии ноҳия бо хонандагону волидон гардид.
Тибқи нақша дар муассисаи таҳсилоти умумии №77-и ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе бо омӯзгорону хонандагон ва волидон вохӯрӣ баргузор гардид.
Дар вохӯрии мазкур мутахассиси пешбари бахши кор бо ҷавонон ва варзиш - Каримзода З, намояндаи шуъбаи маориф Шарипов Г, намояндаи Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон- Давлатзода М, сармутахассиси шуъбаи рушд ва робита бо ҷомеаи- Сайфулоев С, мутахассиси шуъбаи кор бо занон ва оила- Бобоҷонова Г дар ноҳияи Фирдавсӣ ва дигар масъулин иштирок ва суханрони намуданд.
Аз ҷониби баромадкунандагон масъалаҳои муҳимми рӯз, бо мақсади шарҳу тавзеҳи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва амали намудани қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак”, “Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”, “Дар бораи энергетика”, “ Дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон”, “Дар бораи сиёсати давлатии ҷавонон”, “Дар бораи мақоми омӯзгор” инчунин ҷиҳати таҳкими худшиносии миллӣ, боло бурдани ҳисси ватандӯстии шаҳрвандон, пешгирии амалҳои террористиву экстремистӣ, ҷинояту ҷинояткорӣ, нашъамандӣ, оворагардӣ, тақлиди фарҳанги бегона, риояи қонунҳои миллӣ, ҷалби ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ва масъулияти шаҳрвандии ҷавонон бо иштироки падару модарони хонандагон дар муассисаи таҳсилоти умумии №77-и ноҳияи Фирдавсӣ вохӯри бо усули «Мактаб ба мактаб» баргузор гардид.