Дар доираи иҷрои Барномаи давлатии кабудизоркунии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040 тибқи дастури роҳбарияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе санаи 16 феврали соли 2026 бо иштироки Раиси ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе Дилшод Сафарзода, кормандони хадамоти коммуналӣ ва ихтиёриён маъракаи ниҳолшинонӣ дар ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе баргузор гардид. Дар чорабинии мазкур масъулин ниҳолҳои дарахтони ороишии сояафкан ва мевадиҳанда шинонида, дар сарсабзу хуррам гардонидани муҳити атроф саҳм гузоштанд. Маврид ба зикр аст, ки масъалаи мазкур зери таваҷҷуҳи роҳбарияти ноҳия қарор дошта, корҳо дар ин самт бо маром идома доранд.