Ба муносибати таҷлили Рӯзи милитсия дар ноҳия чорабинии тантанавӣ бо иштироки раиси ноҳия, Каримзода Мансур Тағой намояндагони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, собиқадорони соҳа ва кормандони мақомоти корҳои дохилӣ баргузор гардид.
Зимни чорабинӣ нақши кормандони милитсия дар таъмини тартиботи ҷамъиятӣ, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон, мубориза бар зидди ҷинояткорӣ ва таъмини амнияту суботи ҷомеа таъкид карда шуд.
Дар фазои тантанавӣ аз хизматҳои шоиста ва заҳматҳои шабонарӯзии кормандони мақомоти корҳои дохилӣ ёдоварӣ гардида, ба як қатор кормандон барои фаъолияти содиқона ва саҳми арзандаашон дар таъмини тартиботи ҷамъиятӣ сипоснома ва медалу туҳфаҳои хотиравӣ тақдим карда шуданд. Ҳамзамон ба раиси ноҳия муҳтарам Каримзода Мансур Тағой "Барои ҳамкориҳои судманд" бо фармоиши сардори Сарраёсати хадамоти давлатии оташнишонии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон медали қадрдони мукофонида шуд. Дар қисмати фарҳангии чорабинӣ барномаи рангини ҳунарӣ пешкаши иштирокдорон гардонида шуд.
Чорабинӣ дар фазои идона ва самимияти хосса баргузор гардида, бо таманниёти сулҳу субот, осоиштагӣ ва муваффақият ба кормандони мақомоти корҳои дохилӣ анҷом ёфт.