11 декабри соли 2025 дар меҳмонхонаи “Ҳайят Реҷенсӣ” бо иштироки муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон ва беш аз 200 нафар иштирокчӣ аз намояндагони вазорату идораҳои соҳавӣ, роҳбарону намояндагони корпуси дипломатӣ, шарикони рушд ва ширкатҳои ватаниву хориҷӣ ва намояндагони воситаҳои ахбори омма маросими ҷоизасупорӣ ба ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин содироткунандаи Тоҷикистон» баргузор гардид.