13 декабри Соли 2024, Исломобод (Покистон). - Вазири энергетика Ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Далер Ҷумъа дар доираи ҷаласаи 7-уми комиссияи Муштарак оид ба ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ ва илмию техникии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ва Ҷумҳурии Исломии Покистон бо Вазири федералии савдои Покистон Ҷам Камолхон мулоқот кард. Дар ҷараени мулоқот масъалаҳои муносибатҳои дуҷонибаи тиҷоративу иқтисодии байни кишварҳо баррасӣ шуданд. Ҳамчунин аҳамияти густариши ҳамкорӣ бо мақсади истифодаи имкониятҳои бандарҳои Баҳрии Покистон ва шабакаҳои мавҷудаи транзитӣ барои густариши тиҷорат дар сатҳи минтақавӣ Барои Тоҷикистон таъкид гардид.