11 декабр дар Ҳисор ҷаласаи чоруми корӣ оид ба таҳияи лоиҳаи кодекси Энергетикии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардид. Ҷаласаи корӣ то 13 декабр идома меебад. Дар ҷаласа намояндагони идораи ҳуқуқии Дастгоҳи Иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазорату идораҳо, ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва иттиҳоди Аврупо иштирок мекунанд. Лоиҳаи кодекси Энергетикӣ, ки бо дастгирии иттиҳоди Аврупо амалӣ карда мешавад, масъалаҳои соҳаи энергетика, аз ҷумла сарфаи энергия ва самаранокӣ, азхудкунии манбаъҳои барқароршавандаи энергия, энергетикаи барқ, энергияи гармӣ ва геотермалиро дар бар мегирад, инчунин муносибатҳои ин соҳаро танзим мекунад. Дар ин замина таҳияи санадҳои меъерии қонунӣ, ки қисми техникии соҳаро танзим мекунанд, пешбинӣ карда мешавад.