АРТИШИ МИЛЛӢ – КАФИЛИ СУЛҲУ СУБОТ
23-феврал дар толори Институти хокшиносӣ ва агрохимияи Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи артиши миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони “Артиши миллӣ – кафили сулҳу субот” ҳамоиш баргузор гардид, ки дар он ҷанговарони…
23-феврал дар толори Институти хокшиносӣ ва агрохимияи Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи артиши миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони “Артиши миллӣ – кафили сулҳу субот” ҳамоиш баргузор гардид, ки дар он ҷанговарони интернасионалист ва собиқадори Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, полковникҳои мустаъфӣ Ғоибов Аслиддин, Аминов Шариф ва Азимов Баҳром иштирок доштанд.
Чорабинии тантанавиро муовини президенти Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон аъзои вобастаи АИКТ Амиршозода Файзулло Сафар ҳусни оѓоз бахшида, иштирокдоронро ба ин рӯзи фархунда табрик гуфтанд.
Зимни суханронӣ Амиршозода Файзулло иброз доштанд, ки Артиши миллии Тоҷикистон зодаи даврони истиқлол буда, бевосита бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъсис дода шудааст.
Дар як муддати кӯтоҳи таърихӣ ҷузъу томи он ба нерӯи қудратманди низомӣ, муҳофизи сулҳу субот ва фазои оромиву осудаи кишвар табдил ёфта, фарзандони мо бо ифтихор ба Ватан-Модар ва халқи худ содиқона хизмат мекунанд.
Артиши ҷавони Тоҷикистон, хусусан дар солҳои душвори фоҷиабори ҷанги шаҳрвандӣ якҷо бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва дигар сохторҳои низомии кишвар дар ҳифзи истиқлолияти давлатӣ, ҳимояи марзу буми Ватан, безарар гардонидани гурӯҳҳои ифродгаро ва ҷиноятҳои трансмиллӣ, хомӯш кардани ошӯбҳо саҳми сазовору ҷавонмардона гузошта истодаанд.
Бо шарофати кӯшишу заҳматҳои Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар Генерали артиш муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Артиши миллии Тоҷикистон дар ҳоли рушду тараққиёт қарор гирифта, рӯз то рӯз биноҳои хуштарҳу замонавӣ сохта, ба истифода дода шуда, шароити хуб барои сарбозону афсарон фароҳам оварда шудааст.
Собиқадори Вазорати мудофиаи ҷумҳурӣ полковники мустаъфӣ Баҳром Азимов дар бораи таъсисёбии Артиши кишвари соҳибистиқлоли тоҷик сухан карда, дар бораи иштироки худ дар аввалин Паради ҳарбӣ, ки соли 1993 дар шаҳри Душанбе баргузор гардид, ёддовар шуд. Ҳамзамон, Аслиддин Ғоибов ва Амин Шарифов дар баромадҳои худ ба иштирокчиён дар бораи таъсисёбии Рӯзи Артиш баромад карда, аз хотираҳои худ нақл карданд.
Сипас, корманди Академия академик Комилзода Давлатҷон ва кормандони ҷавон аз Институти хокшиносӣ Суннатуллозода Моҳира, Худоёрзода Сафаралӣ ва Пироншоев Маҳмадалӣ баҳри ҳозирин суханҳои табрикӣ гуфта, аз ашъори шоирони тоҷик дар васфи ватандӯстӣ шеър хонданд.
Дар фарҷом аз ҷониби Раёсати академия ва Институти хокшиносӣ ва агрохимия даъватшудагон бо туҳфаҳо қадрдонӣ карда шуданд.