eDavlat
State symbols
EN
TJ
RU
EN
State authorities
Loading…
Online chat
Open menu
EN
TJ
RU
EN
ДАСТГИРӢ ВА АЁДАТИ СОБИҚАДОРОНУ ЯТИМОН ДАР АРАФАИ ИДҲОИ РАМАЗОН ВА НАВРӮЗ
Home
More
Executive Body of State Power of the City of Levakant
News
ДАСТГИРӢ ВА АЁДАТИ СОБИҚАДОРОНУ ЯТИМОН ДАР АРАФАИ ИДҲОИ РАМАЗОН ВА НАВРӮЗ
7 April 2026
ДАСТГИРӢ ВА АЁДАТИ СОБИҚАДОРОНУ ЯТИМОН ДАР АРАФАИ ИДҲОИ РАМАЗОН ВА НАВРӮЗ
14 May 2026
ЛЕВАКАНТ: РАИСИ ШАҲР ФАЪОЛИЯТИ БУНГОҲҲОИ САЛОМАТИИ ҶАМОАТИ ДЕҲОТИ «ГУЛИСТОН»-РО МАВРИДИ САНҶИШ ҚАРОР ДОД
14 May 2026
ЛЕВАКАНТ: ШАҲРДОРӢ ВА ФАЪОЛОН БА ЯК ОИЛАИ НИЁЗМАНД МАНЗИЛИ ИСТИҚОМАТӢ МЕСОЗАНД
14 May 2026
ЛЕВАКАНТ: ПЕШГИРИИ БЕГОНАПАРАСТӢ ВА ТАРҒИБИ ЛИБОСИ МИЛЛӢ
14 May 2026
ЛЕВАКАНТ: ДАР ЛИТСЕЙИ ДАВЛАТИИ №1 ВОБАСТА БА ШАҲРИ ПАЁМИ ПРЕЗИДЕНТ ВА МАВЗУҲОИ МУҲИМИ РӮЗ ВОХӮРӢ БАРГУЗОР ГАРДИД
14 May 2026
РАИСИ ШАҲРИ ЛЕВАКАНТ АЗ МИНТАҚАИ СЕЛЗАДАИ ДЕҲАИ ЗАҒЕРТУТ БОЗДИД КАРД
14 May 2026
ЛЕВАКАНТ: МАҶЛИСИ НАЗОРАТӢ ВА МАСЪАЛАГУЗОРӢ
14 May 2026
МУҚОВИМАТ БО КОРРУПСИЯ ЯКЕ АЗ САМТҲОИ МУҲИМИ СИЁСАТИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Centralised website of government and municipal services
Дар арафаи идҳои мубораки Рамазон ва Наврӯз дар шаҳри Левакант тадбирҳои хайриявӣ ва дастгириҳои иҷтимоӣ тақвият ёфта, роҳбарияти шаҳр ба қишрҳои ниёзманди ҷомеа таваҷҷуҳи хоса зоҳир намуд. Дар ҳамин замина, раиси шаҳри Левакант Муминзода Мастура…
Дар арафаи идҳои мубораки Рамазон ва Наврӯз дар шаҳри Левакант тадбирҳои хайриявӣ ва дастгириҳои иҷтимоӣ тақвият ёфта, роҳбарияти шаҳр ба қишрҳои ниёзманди ҷомеа таваҷҷуҳи хоса зоҳир намуд.
Дар ҳамин замина, раиси шаҳри Левакант Муминзода Мастура Табарӣ ба аёдати яке аз чеҳраҳои шинохтаи фарҳанги шаҳр, собиқадори хизматнишондодаи соҳаи фарҳанг Бароталӣ Қурбонов рафт. Зимни мулоқот, ки дар фазои самимият ва эҳтиром сурат гирифт, саҳми арзандаи ин шахс дар рушди фарҳанги маҳаллӣ таъкид гардида, ба ӯ кумаки иҷтимоӣ расонида шуд. Ҳамзамон, ба собиқадор таманниёти нек ва сиҳатмандии бардавом изҳор карда шуд.
Инчунин, дар доираи сиёсати дастгирии иҷтимоӣ, раиси шаҳр ятимони кулли шаҳрро ба муносибати идҳои Рамазон ва Наврӯз табрик намуда, ба онҳо кумакҳои яквақтаинаи ғизоӣ тақдим кард. Кумаки мазкур аз ҳисоби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Левакант амалӣ гардида, маводи ниёзи аввал, аз ҷумла орд, равған, биринҷ, шакар ва дигар маҳсулоти озуқавориро дар бар мегирад.
Зикр гардид, ки чунин иқдомҳои хайриявӣ ба хотири дастгирии табақаҳои осебпазири ҷомеа ва боло бурдани рӯҳияи идонаи онҳо роҳандозӣ шуда, минбаъд низ идома хоҳанд ёфт.
Тадбирҳои мазкур бозгӯи сиёсати инсондӯстона ва иҷтимоии роҳбарияти олии кишвар, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буда, барои таҳкими ҳамбастагӣ ва меҳру муҳаббат дар ҷомеа мусоидат менамоянд.