eDavlat
State symbols
EN
TJ
RU
EN
State authorities
Loading…
Online chat
Open menu
EN
TJ
RU
EN
ЛЕВАКАНТ: САХОВАТ ДАР АРАФАИ НАВРӮЗ
Home
More
Executive Body of State Power of the City of Levakant
News
ЛЕВАКАНТ: САХОВАТ ДАР АРАФАИ НАВРӮЗ
7 April 2026
ЛЕВАКАНТ: САХОВАТ ДАР АРАФАИ НАВРӮЗ
14 May 2026
ЛЕВАКАНТ: РАИСИ ШАҲР ФАЪОЛИЯТИ БУНГОҲҲОИ САЛОМАТИИ ҶАМОАТИ ДЕҲОТИ «ГУЛИСТОН»-РО МАВРИДИ САНҶИШ ҚАРОР ДОД
14 May 2026
ЛЕВАКАНТ: ШАҲРДОРӢ ВА ФАЪОЛОН БА ЯК ОИЛАИ НИЁЗМАНД МАНЗИЛИ ИСТИҚОМАТӢ МЕСОЗАНД
14 May 2026
ЛЕВАКАНТ: ПЕШГИРИИ БЕГОНАПАРАСТӢ ВА ТАРҒИБИ ЛИБОСИ МИЛЛӢ
14 May 2026
ЛЕВАКАНТ: ДАР ЛИТСЕЙИ ДАВЛАТИИ №1 ВОБАСТА БА ШАҲРИ ПАЁМИ ПРЕЗИДЕНТ ВА МАВЗУҲОИ МУҲИМИ РӮЗ ВОХӮРӢ БАРГУЗОР ГАРДИД
14 May 2026
РАИСИ ШАҲРИ ЛЕВАКАНТ АЗ МИНТАҚАИ СЕЛЗАДАИ ДЕҲАИ ЗАҒЕРТУТ БОЗДИД КАРД
14 May 2026
ЛЕВАКАНТ: МАҶЛИСИ НАЗОРАТӢ ВА МАСЪАЛАГУЗОРӢ
14 May 2026
МУҚОВИМАТ БО КОРРУПСИЯ ЯКЕ АЗ САМТҲОИ МУҲИМИ СИЁСАТИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Centralised website of government and municipal services
19-уми март, дар арафаи ҷашни байналмилалии Наврӯз ва иди Рамазон як иқдоми хайрхоҳона ва инсонпарварона амалӣ гардид. Бо ташаббуси Ташкилоти собиқадорони ҷангу меҳнати шаҳри Левакант ва дастгирии СНОБ-и Вахш ба омӯзгори собиқадори шаҳр Ашк Юсуфӣ…
19-уми март, дар арафаи ҷашни байналмилалии Наврӯз ва иди Рамазон як иқдоми хайрхоҳона ва инсонпарварона амалӣ гардид.
Бо ташаббуси Ташкилоти собиқадорони ҷангу меҳнати шаҳри Левакант ва дастгирии СНОБ-и Вахш ба омӯзгори собиқадори шаҳр Ашк Юсуфӣ кумаки молиявӣ расонида шуд.
Ин иқдом бо ҳадафи арҷгузорӣ ба заҳмату хизматҳои шоёни собиқадорон, махсусан омӯзгороне, ки солҳои тӯлонӣ дар роҳи таълиму тарбияи насли наврас саҳми арзанда гузоштаанд, роҳандозӣ гардид.
Ашк Юсуфӣ аз ҷумлаи чунин шахсиятҳоест, ки умри худро ба соҳаи маориф бахшида, дар тарбияи садҳо шогирдон нақши муҳим бозидааст.
Зимни расонидани кӯмак намояндагони ташкилкунандагон таъкид намуданд, ки дастгирии собиқадорон ва эҳтиром ба хизматҳои онҳо яке аз арзишҳои муҳими ҷомеа ба шумор меравад. Қайд гардид, ки чунин иқдомҳо, бахусус дар арафаи идҳои миллӣ, на танҳо як амали хайр, балки рамзи эҳтиром, қадршиносӣ ва пайванди наслҳо мебошад.
Ашк Юсуфӣ аз ин таваҷҷуҳ ва дастгирӣ изҳори сипос намуда, зикр кард, ки чунин ғамхорӣ рӯҳбаландкунанда буда, инсонро ба зиндагӣ ва арзишҳои нек бештар дилгарм месозад.
Ёдовар мешавем, ки дар арафаи ҷашну идҳо дар шаҳри Левакант пайваста чунин корҳои хайриявӣ баргузор гардида, шахсони ниёзманд ва собиқадорон мавриди дастгирӣ қарор мегиранд. Ин анъанаи неку инсонпарварона ба таҳкими рӯҳияи ҳамдилӣ, эҳтиром ва ҳамбастагӣ дар ҷомеа мусоидат мекунад.