Имрӯз, 2 июл дар шаҳри Душанбе бо ибтикори Раёсати Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Конфронси IV байналмилалии илмӣ-амалӣ таҳти унвони «Вазъи кунунӣ ва дурнамои рушди энергетикаи барқароршаванда» бо иштироки доираи васеи олимону коршиносони сатҳи байналмилалӣ, намояндагони вазорату идораҳои давлатӣ, муассисаҳои илмӣ-таҳқиқотӣ, муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва шарикони рушд баргузор гардид.
Ба кори конфронс узви вобастаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Мадвалиев Умархон ҳусни оғоз бахшида, таъкид дошт, дар шароити тағйирёбии иқлим ва афзоиши талабот ба захираҳои энергетикӣ рушди энергетикаи барқароршаванда яке аз самтҳои муҳими таъмини амнияти энергетикӣ ва рушди устувори кишвар ба ҳисоб меравад.
Таъкид гардид, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон бо доро будани захираҳои бузурги гидроэнергетикӣ ва имкониятҳои васеи истифодаи манбаъҳои офтобӣ ва бодӣ метавонад дар густариши «энергияи сабз» мавқеи арзандаро касб намояд.
Дар идома муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Усмоналӣ Усмонзода дар суханронии хеш зикр дошт, ки таҳти сиёсати хирадмандона ва дурбинонаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рушди соҳаи энергетика, бахусус истифодаи манбаъҳои барқароршавандаи энергия, яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати давлатӣ ба шумор меравад.
Қайд гардид, ки Тоҷикистон имрӯз ҳамчун яке аз кишварҳои пешсаф дар истеҳсоли неруи барқи аз ҷиҳати экологӣ тоза дар минтақа шинохта шуда, татбиқи лоиҳаҳои бузурги энергетикӣ ва рушди технологияҳои муосир дар ин самт барои расидан ба ҳадафҳои рушди устувор заминаи мусоид фароҳам меорад.
Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, академик Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт дар сухани ифтитоҳии хеш қайд намуд, ки бо сиёсати дурбинонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, рушди энергетикаи барқароршаванда ба яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати давлатӣ табдил ёфтааст.
Гуфта шуд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун кишвари дорои захираҳои бузурги гидроэнергетикӣ ҳамзамон соҳиби имкониятҳои васеи истифодаи энергияи офтоб, бод, биомасса ва дигар манбаъҳои барқароршавандаи энергия мебошад. Дар чунин шароит нақши илм ва навовариҳои илмӣ дар татбиқи ин иқтидор боз ҳам муҳимтар мегардад.
Таъкид гардид, ки Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ҳамчун маркази асосии илмии кишвар дар тӯли солҳои истиқлолият дар рушди илми энергетикаи барқароршаванда саҳми назаррас гузоштааст. Олимони Академия таҳқиқоти бунёдӣ ва амалӣ оид ба арзёбии иқтидори офтобӣ ва бодии мамлакат, омӯзиши хусусиятҳои иқлимии минтақаҳои баландкӯҳ, таҳияи технологияҳои баланд бардоштани самаранокии системаҳои офтобӣ ва мутобиқсозии онҳо ба шароити Тоҷикистон анҷом додаанд.
Зикр шуд, ки мутахассисони Институти физикаю техникаи ба номи С.У. Умаров, Институти масъалаҳои об, гидроэнергетика ва экология, Институти химия ва дигар муассисаҳои илмии Академия дар самтҳои фотоэнергетика, энергетикаи бодӣ, системаҳои гибридии таъмини неруи барқ, технологияҳои нигоҳдории энергия, рақамикунонии низоми энергетикӣ ва истифодаи зеҳни сунъӣ барои пешгӯии истеҳсоли неруи барқ таҳқиқоти муҳим анҷом медиҳанд. Натиҷаҳои ин корҳои илмӣ имрӯз барои таҳияи барномаҳои давлатӣ ва амалисозии лоиҳаҳои энергетикӣ заминаи боэътимоди илмӣ фароҳам меоранд.
Яке аз дастовардҳои муҳими солҳои охир таҳқиқоти илмӣ оид ба рушди неругоҳҳои офтобии бомӣ (Rooftop Solar PV) мебошад. Олимони Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон нахустин шуда дар ҷумҳурӣ таҳқиқоти комплексиро оид ба арзёбии иқтидори техникӣ ва иқтисодии истифодаи бомҳои биноҳои истиқоматӣ, маъмурӣ, истеҳсолӣ ва иҷтимоӣ барои истеҳсоли неруи барқи офтобӣ анҷом додаанд.
Сипас, муовини Вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадзода Шариф Сафаралӣ ва Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Федеративии Германия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Йорк Шуграф зимни суханрониҳои худ таъкид намуданд, ки рушди энергетикаи барқароршаванда имрӯз ба яке аз самтҳои калидии ҳамкориҳои байналмилалӣ ва омили муҳими таъмини рушди устувор табдил ёфтааст.
Зикр гардид, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон бо захираҳои бузурги гидроэнергетикӣ ва имкониятҳои васеи истифодаи манбаъҳои офтобӣ ва бодӣ дорои иқтидори бузург барои рушди «энергияи сабз» мебошад. Дар ин замина, густариши ҳамкориҳои илмӣ, татбиқи технологияҳои муосир, ҷалби сармоягузорӣ ва истифодаи таҷрибаи пешрафтаи ҷаҳонӣ барои татбиқи лоиҳаҳои нави энергетикӣ аҳаммияти махсус дорад.
Дар идомаи конфронс иштирокчиён доир ба масъалаҳои муҳими рушди энергетикаи барқароршаванда, истифодаи технологияҳои инноватсионӣ, рақамикунонии низоми энергетикӣ, татбиқи зеҳни сунъӣ дар идоракунии шабакаҳои барқ, рушди неругоҳҳои офтобӣ ва бодӣ, инчунин роҳҳои мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим маърӯзаҳои илмӣ пешниҳод намуданд.