Бо натиҷагири аз як соли фаъолият ва нақшагузори барои соли нави хониш, аҳли маорифчиёну омӯзгорони шаҳри Бохтарро бо ҳам овард.
Нахуст роҳбарияти шаҳр Абдулмаҷид Муминзод ва ҳайъатӣ ҳамроҳ аз намоиши густурдашудаи кормандон ва хонандагони маорифи шаҳр боздид намуда, ба онҳо ҷиҳати талошҳои бесобиқа таҳсину офарин гуфтанд.
Дар қисмати дигар зимни баромади худ раиси шаҳри Бохтар Абдулмаҷид Муминзод таъкид карданд, ки бунёди ҷомеаи солиму рушдёфта маҳз тавассути ташаккул додани илму маорифи пешрафта, ба роҳ мондани таълиму тарбияи мақсаднок ба арзишҳои миллӣ асосёфта, баланд бардоштани сатҳи касбияти омӯзгорон, муҳайё кардани шароити муосири таълим дар муассисаҳои таълимии ҳамаи зинаҳои таҳсилот, яъне бо асбобу таҷҳизоти замонавӣ таъмин намудани онҳо ва албатта, заҳмати содиқонаи аҳли маориф ва ҳамкориву дастгирии падару модарон имкон дошта метавонад.
Дар фарҷом ба як зумра омузгорону собиқадорони соҳа ва хонандагони болаёқат мукофоту сипоснома ва туҳфаҳо тақдим кардашуд.