Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030. — Саридораи бойгонии назди Ҳукумати Ҷумҳурии ТоҷикистонСтратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030.
ҚАРОРИ Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
«Дар бораи тасдиқ намудани Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030»
Мутобиқи моддаи 57 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 тасдиқ карда шавад.
Ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон супориш дода шавад, ки масъалаҳои таҳия ва тасдиқи барномаҳои рушди вилоятҳо, шаҳрҳо ва ноҳияҳоро таҳти назорат қарор дода, иҷрои онҳоро таъмин намояд.
Раиси Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Ш. Зуҳуров
ш. Душанбе,
1 декабри соли 2016, № 636Файл нест
Дар санад ҳоло файл нест