6 январи соли 2025 дар толори маҷлисҳои Мақомоти Иҷроияи ҳокимияти давлатии Шаҳри Роғун бо ташаббуси шуъбаи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар минтақаи Рашт ва бо иштироки кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, хизматчиени давлатӣ, намояндагони зиеиен ва ходимони ҷамъиятӣ вохӯрӣ доир ба шарҳи Паеми навбатии асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ баргузор гардид – Пешвои Миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи самтҳои асосии сиесати дохиливу хориҷии ҷумҳурӣ", ки 28 декабри соли 2024 Дар Бинои Парлумони мамлакат садо дод.
Дар рафти чорабинӣ кормандони шуъбаи Агентӣ дар Минтақаи Рашт муҳтаво ва супоришҳои Пешвои миллатро оид ба татбиқи нақшаи ободонӣ ва корҳои сохтмонӣ ба ифтихори ҷашни 35-солагии истиқлолияти Давлатӣ, пешгирии таъсири хавфҳои эҳтимолӣ ба иқтисодиети миллӣ, ташаккули "иқтисоди сабз", рақамисозии хизматрасониҳои давлатӣ, истифодаи васеи ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдӣ, ташаккули донишҳои молиявии шаҳрвандон ва баланд бардоштани маданияти пардохти андозҳо муҳокима намуданд.
Махсусан зикр гардид, ки гузариш ба иқтисоди рақамӣ ва рушди технологияҳои инноватсионӣ яке аз роҳҳои асосии таъмини шаффофияти хизматрасониҳо, баҳисобгирӣ ва пешгирии омилҳои коррупсионӣ ба ҳисоб рафта, пешниҳоди Президенти мамлакати мо дар бораи эълони солҳои 2025-2030 "Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия" ҳамчун яке аз ташаббусҳои саривақтӣ эътироф гардид.