5 декабри соли 2024 бо ташаббуси раесати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Шаҳри Душанбе дар донишгоҳи Миллии Тоҷикистон семинари илмӣ-амалӣ дар мавзӯи "Хатари коррупсия барои иқтисоди миллӣ" бо иштироки омӯзгорон ва донишҷӯени факултетҳои иқтисодӣ бахшида ба Рӯзи байналмилалии мубориза бо коррупсия баргузор гардид. Мақсади асосии семинар баланд бардоштани огоҳии зиддикоррупсионӣ ва маърифати ҳуқуқии аҳолӣ, пешгирии ҳуқуқвайронкуниҳои коррупсионӣ, таъмини татбиқи қонунҳо ва барномаҳои давлатии зиддикоррупсионӣ мебошад. Намояндагони донишгоҳ ва раесат ин чорабиниро ифтитоҳ намуда, дар суханрониҳои Худ аҳамияти таҷлили "рӯзи Байналмилалии мубориза бо коррупсия", инчунин оқибатҳои ин падидаи манфӣ ва хатарнокро барои амнияти иқтисодии кишвар ва самтҳои гуногуни сиесати зиддикоррупсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъкид намуданд. Ҳамчунин иштирокчиен дар мавзӯъҳои: "Баррасӣ ва шарҳи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар Бораи муқовимат ба коррупсия", "Моҳият ва ҳадафи стратегияи Давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030"гузориш доданд. Қобили зикр аст, ки ташкил ва гузаронидани чунин чорабиниҳо барои пешгирии ҳуқуқвайронкуниҳои коррупсионӣ ва татбиқи санадҳои ҳуқуқии зиддикоррупсионӣ дар маҷмӯъ муҳити мусоид фароҳам оварда, ба паст шудани сатҳ ва шиддатнокии коррупсия мусоидат менамояд.