МАВРИДИ ИСТИФОДА ҚАРОР ДОДАНИ ОЗМОИШГОҲИ ҲИМОЯИ ИНТЕГРАТСИОНИИ ЗИРОАТҲОИ КИШОВАРЗӢ АЗ ЗАРАРРАСОНҲО ДАР ИНСТИТУТИ ЗООЛОГИЯ ВА ПАРАЗИТАЛОГИЯИ АМИТ
Имрӯз, 21 сентябр дар идомаи тантанаҳои ҷашни муқаддаси 35 – солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Институти зоология ва паразиталогияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон «Озмоишгоҳи муборизаи интегратсионӣ бар зидди зараррасонҳои…
Имрӯз, 21 сентябр дар идомаи тантанаҳои ҷашни муқаддаси 35 – солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Институти зоология ва паразиталогияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон «Озмоишгоҳи муборизаи интегратсионӣ бар зидди зараррасонҳои зироатҳои кишоварзӣ» муҷаҳҳаз бо техникаву асбобҳои муосир бо иштироки президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, академик Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт ва дигар олимону муҳаққиқон мавриди истифода қарор дода шуд.
Бояд гуфт, ки ба истифода додани озмоишгоҳи мазкур бо назардошти зарурати рушди илмҳои табиӣ ва риёзӣ аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон солҳои 2020-2040 «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» эълон гардид, ки ин аз таваҷҷуҳи хоса зоҳир намудани Ҳукумати мамлакат ба таъмини рушд ва инкишофи устувори кишвар гувоҳӣ медиҳад.
Зимни ифтитоҳ зикр гардид, ки таъмини бехатарии биологӣ ва амнияти озуқавории мамлакат яке аз ҳадафҳои муҳимтарини стартегии кишварамон мебошад. Махсусан барои Тоҷикистон, ки соҳаи аграрӣ ва саноатӣ самтҳои афзалиятнок ба шумор меравад, ҷиҳати дар сатҳи саноатӣ ба даст овардани маҳсулоти кишоварзӣ мавҷуд будани озмоишгоҳҳои ба таври доимӣ амалкунанда ва бурдани мушоҳидаҳои пайваста аз рӯи зараррасонҳои асосии соҳаи кишоварзӣ хеле муҳим арзёбӣ мегардад.
Қайд гардид, ки Озмоишгоҳи муборизаи интегратсионӣ бар зидди зараррасонҳои зироатҳои кишоварзӣ як воҳиди илмӣ-таҳқиқотӣ ва амалӣ ба шумор рафта, самти фаъолияти он ба гузаронидани мониторинги пайваста, муайян намудани таркиби намудии зараррасонҳо, таҳқиқ, баҳодиҳӣ ва мубориза бар зидди зараррасонҳои зироатҳои кишоварзӣ нигаронида шудааст.
Дар озмоишгоҳ вобаста ба фаъолнокии мавсимӣ ва пешгӯии давраи авҷи зараррасонҳои асосии зироатҳои кишоварзӣ мушоҳидаҳои доимӣ гузаронида мешавад ва бар зидди зараррасонҳо усулҳои мувофиқ ва самарабахш амалӣ карда мешавад. Бо мақсади ба кор бурдани усули интегратсионӣ дар ин озмоишгоҳ парвариши як қатор ҳашароти фоидаовар – энтомофагҳо ба роҳ монда мешавад. Яке аз усулҳои барои ҳаёти инсон ва табиат безарар усули муборизаи биологӣ буда, яке аз ҷузъҳои асосии муборизаи интегратсонӣ ба шумор меравад. Дар доираи фаъолияти озмоишгоҳ ба роҳ мондани истифодаи васеи технологияҳои муосири ҳимояи зироатҳои кишоварзӣ аз зараррасонҳо, аз ҷумла истифодаи феромонҳо, муборизаи микробиологӣ ва санҷиши усулҳои гуногуни ҳифзи зироатҳо ба таври комплексӣ ба роҳ монда мешавад.
Дар сохтори озмоишгоҳ 5 ҳуҷраи махсуси муҷаҳҳазгардонидашуда, як ҳуҷраи ёрирасон ва як ҳуҷраи корӣ ҳамчун як низоми ба ҳам алоқаманди илмӣ ва амалӣ фаъолият мекунанд.
Дар озмоишгоҳ утоқҳои мониторинг ва муайянкунии зараррасонҳо, парвариши оммавии душманони табиии зараррасонҳо, санҷиши усулҳои ҳифзи зироатҳо, муборизаи макро- ва микробиологӣ, инчунин парвариши ҳашароти зараррасон барои афзун намудани энтомофагҳо, ҳуҷраи корӣ ва ҳуҷраи ёрирасон мавҷуд мебошанд. Ҳамаи утоқҳои озмоишгоҳ бо техника, таҷҳизот ва технологияҳои муосир муҷаҳҳаз гардонида шудаанд.
Раванди асосии кор аз мониторинг ва муайянкунии зараррасонҳо → парвариши ҳашароти хуҷаин ё ғизоӣ → санҷиши усулҳои ҳифзи зироатҳо → парвариши оммавии душманони табиии зараррасонҳо иборат бошад.
Озмоишгоҳ имконият медиҳад, ки корҳо дар самти гузаронидани таҳқиқот вобаста ба мубориза бар зидди ҳашароти зараррасон ва ҳимояи зироатҳои кишоварзӣ вусъат бахшида шавад ва натиҷаҳои назарраси илмӣ ба даст оварда шаванд.
Таъсиси ин озмоишгоҳ имконият медиҳад, ки Институт бо як қатор муассисаҳои давлатӣ – кумита ва вазоратҳои марбута, муассисаҳои бонуфузи илмии Ватанӣ ва байналмиллалӣ, ташилоту корхонаҳои хусусӣ ҳамкориҳоро ба роҳ монда, фаъолияти худро ҷиҳати рушди илм ва таъмини бехатарии биологӣ ва амнияти озуқаворӣ бо дигар муассисаҳо дар ҳамоҳангӣ вусъат бахшад.
Дар ҳуҷраи мониторинг ва муайянкунии зараррасонҳо, ки ҳамчун бахши ташхис ва мониторинги озмоишгоҳ фаъолият менамояд, корҳои ҷамъоварӣ, мониторинг, муайянкунӣ ва бақайдгирии зараррасонҳои муҳими зироатҳои кишоварзӣ анҷом дода мешаванд.
Ҳуҷраи парвариши оммавии душманони табиии зараррасонҳо барои таъмин намудани ҳашароти хуҷаин ё манбаи ғизои энтомофагҳо, ки барои нигоҳдорӣ ва зиёд намудани душманони табиии зараррасонҳо заруранд, истифода мешавад.
Дар ҳуҷраи таҳқиқ ва татбиқи усулҳои интегратсионии ҳифзи зироатҳо ҳамчун бахши таҷрибавӣ ва баҳодиҳии озмоишгоҳ, таҳқиқ, санҷиш ва баҳодиҳии усулҳои гуногуни ҳифзи зироатҳо дар шароити озмоишгоҳӣ ва саҳроӣ анҷом дода мешавад.
Гуфта шуд, ки дар ҳуҷраҳои муборизаи макро ва микробиологӣ ва парвариши оммавии душманони табиии зараррасонҳо ҳамчун бахши истеҳсолии муборизаи биологӣ, парвариш, нигоҳдорӣ ва зиёд намудани душманони табиии зараррасонҳо дар шароити назоратшаванда барои гузаронидани таҳқиқот, таҷрибаҳо, намоишҳо ва дар ҳолатҳои зарурӣ истифода намудани онҳо дар муборизаи биологӣ анҷом дода мешавад.
Ҳамзамон, утоқи кории директори Институти зоология ва паразитологияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон пас аз солҳои тӯлонӣ аз нав ба таври капиталӣ таъмир гардида, бо шароити муосири корӣ ва таҷҳизоти зарурӣ таъмин карда шудааст.