Имрӯз, 18 сентябр дар толори Раёсати Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ба муносибати 115 – солагии Сотим Улуғзода – нависандаи халқии Тоҷикистон, узви вобастаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Конференсияи ҷумҳуриявии илмию назариявӣ таҳти унвони «Сотим Улуғзода ва тасвиру инъикоси арзишҳои бадеию таърихӣ ва худшиносию худогоҳии миллӣ дар адабиёти муосири тоҷик» баргузор гардид.
Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, академик Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт дар сухани ифтитоҳии хеш иброз дошт, ки барои тоҷикон ифодаи «нависандаи миллӣ» маънии амиқ ва ҷаззоб дорад. Мисли мусиқии дилангези забони модарӣ, ки дар кишвари бегона мешунавию зодгоҳат – Ватан ёдат меояд. Ин мафҳум ёдовари ҳар чизи хубест, ки мутааллиқ ба мо ва миллати мост, ки дар хӯю хислати мардуми мо нуҳуфтааст.
Таъкид гардид, ки устод Сотим Улуғзода яке аз нависандагони бузурги миллии мост. Эҳсосоти миллии ӯ дар тамоми осораш ҷанбаи мусбат дошта, ҳадафаш эҳёи ҳувияти тоҷикӣ ва худшиносии миллӣ мебошад. Чунин консепсияи идроки бадеии ӯро интихоби номҳо дар осораш, тасвири расму ойинҳои суннатӣ ва ғояи ормонҳои худсозии миллӣ таъйид мекунад. Дар интихоби номи шахсиятҳои осораш манфиатҳои таърихиву миллӣ назди ӯ эътибор дорад. Зикри номҳои меросии миллӣ дар осораш навъе намоди мазҳари руҳи тоҷикӣ аст, ки баҳрабардорӣ аз он худсозӣ ва худшиносӣ аст. Ба ифодаи дигар, Сотим Улуғзода дар осораш ҳамеша ба худшиносии миллӣ бартарӣ дода, онро василаи эҳё ва ҳифзи нангу номуси миллат медонад.
Зикр гардид, ки мавзуи таърих дар эҷодиёти устод Улуғзода тасодуфӣ набуд. Нависандаи хушбаён хуб дарк мекард, ки шинохти гузашта барои худшиносии миллат аҳаммияти бузург дорад. Аз ҳамин ҷост, ки дар асарҳои ӯ чеҳраҳои Рӯдакӣ, Фирдавсӣ, Ибни Сино, Аҳмади Дониш, Восеъ ва Темурмалик ба воситаи сухани нависанда ба хонандагони замони мо наздик шуданд. Дар ин замина, Сотим Улуғзода идомадиҳандаи мактаби устод Садриддин Айнӣ буд. Агар устод Айнӣ барои барқарор кардани хотираи таърихии тоҷикон дар адабиёти навини тоҷик замина гузошт, устод Улуғзода ин равандро бо осори бадеии худ идома дод.
Қайд гардид, ки устод дар асарҳои баландмазмуни худ «Қисмати шоир», «Субҳи ҷавонии мо», «Фирдавсӣ», «Восеъ», «Ривояти суғдӣ», «Алломаи Адҳам” ва ғ...симои шахсиятҳои таърихӣ ва қаҳрамонию ҷонфишонии мардуми тоҷикро дар тули асрҳо таҷассум намуда, дар ташаккули худшиносии миллӣ ва ҳисси ватандӯстии чандин насли халқамон саҳми арзанда гузоштааст. Устод Улуғзода бо инъикоси ҳодисаҳои таърихӣ ва зиндагиномаи фарзандони фарзонаи миллатамон тавонистааст, ки фарҳангу тамаддуни оламгири халқи тоҷикро дар давраҳои хеле қадим ба наслҳои имрӯзу оянда бо обу ранги бадеӣ нишон диҳад.
Дар идомаи чорабинӣ раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Низом Қосим қайд намуд, ки Сотим Улуғзода аз ҷумлаи адибоне мебошад, ки бо осори мондагори худ дар рушди адабиёти муосири тоҷик ва таҳкими худшиносии миллии мардум саҳми бузург гузоштааст. Ба гуфтаи ӯ, нависанда дар эҷодиёти худ ба таърих ва сарнавишти миллат таваҷҷуҳи хосса зоҳир намуда, тавассути образҳои қаҳрамонони таърихӣ арзишҳои миллӣ, рӯҳи ватандӯстӣ ва эҳсоси масъулият дар назди Ватанро бозтоб кардааст.
Таъкид гардид, ки осори таърихии Сотим Улуғзода барои наслҳои имрӯз ва оянда ҳамчун сарчашмаи муҳими омӯзиши таърих ва адабиёти миллӣ аҳаммияти хосса дошта, тавассути онҳо хонанда бо чеҳраҳои бузурги миллат, муборизаҳои таърихӣ ва арзишҳои маънавию фарҳангии гузашта шинос мегардад. Аз ин рӯ, омӯзиш ва таҳқиқи мероси адабии нависанда дар шароити имрӯза низ муҳим буда, барои рушди тафаккури миллӣ ва эҳтиром ба таъриху фарҳанги ниёгон мусоидат менамояд.
Инчунин, дар идома ректори Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии ба номи Сотим Улуғзода профессор Жило Гулназарзода, академики Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Муҳаммадюсуф Имомзода, узви вобастаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Мирзоҳасани Султон ва дигарон оид ба паҳлуҳои гуногуни ҳаёт ва фаъолияти адабии Сотим Улуғзода, нақши ӯ дар рушди адабиёти муосири тоҷик, махсусан насри таърихӣ, инчунин саҳми арзандаи нависанда дар ташаккули худшиносӣ ва худогоҳии миллӣ маърӯзаҳои илмӣ ироа намуданд.