Имрӯз, 11 сентябр дар толори Институти физикаю техникаи ба номи Султон Умарови Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар арафаи 35- солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» ва ба муносибаи фаъолияти илмӣ ва илмию ташкилии академик Ҳикмат Ҳалимович Муминов Конференсияи байналмилалии илмӣ-амалӣ таҳти унвони «Назарияи муосири солитонҳо ва системаҳои динамикии ғайрихаттӣ» ба кори худ оғоз намуда, то санаи 12 сентябри соли 2026 идома меёбад.
Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, академик Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт, дар сухани ифтитоҳии хеш иброз доштанд, ки Истиқлоли давлатӣ ва дастгириҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои рушди илми тоҷик, таҳкими заминаҳои моддию техникии муассисаҳои илмӣ, баланд бардоштани мақоми илм дар ҷомеа ва фароҳам овардани шароити мусоид барои фаъолияти олимону муҳаққиқон заминаи устувор гузоштааст.
Таъкид гардид, ки дар замони соҳибистиқлолӣ соҳаи илм ҳамчун яке аз самтҳои муҳими сиёсати давлатӣ пайваста рушд намуда, барои таҳкими иқтидори илмии кишвар, омода намудани кадрҳои баландихтисос ва рушди самтҳои афзалиятноки илмӣ тадбирҳои муассир амалӣ карда мешаванд. Дар ин замина, рушди илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ, ки барои пешрафти илму техника, татбиқи технологияҳои муосир ва ҳалли масъалаҳои муҳимми иқтисодию иҷтимоӣ аҳамияти калидӣ доранд, аз ҷумлаи самтҳои афзалиятнок ба ҳисоб мераванд.
Гуфта шуд, ки баргузории чунин конференсияҳои байналмилалӣ аҳамияти муҳим дошта, барои муаррифии дастовардҳои илмии олимони ватанӣ, табодули таҷриба ва андешаҳои илмӣ, ҷалби муҳаққиқони ҷавон ба таҳқиқоти бунёдӣ, инчунин таҳкими ҳамкориҳои илмӣ бо муассисаҳои илмӣ ва марказҳои таҳқиқотии хориҷӣ имкониятҳои васеъ фароҳам меорад.
Зикр гардид, ки назарияи солитонҳо ва системаҳои динамикии ғайрихаттӣ аз самтҳои муҳими илми муосир ба шумор рафта, омӯзиши онҳо барои рушди минбаъдаи физикаи назариявӣ, математика, моделсозии равандҳои мураккаб ва дигар соҳаҳои илм аҳамияти назариявӣ ва амалӣ дорад. Таҳқиқоти муосир дар ин самт имконият медиҳанд, ки қонуниятҳои равандҳои ғайрихаттӣ ва падидаҳои мураккаби табиӣ бо истифода аз усулҳои пешрафтаи математикӣ ва физикӣ амиқтар омӯхта шаванд.
Дар идомаи суханронӣ саҳми академик Ҳикмат Ҳалимович Муминов дар рушди илми физика ва математика, ташаккули мактаби илмӣ, тарбияи кадрҳои илмӣ ва густариши ҳамкориҳои байналмилалӣ муҳим арзёбӣ гардид. Таъкид шуд, ки натиҷаҳои фаъолияти илмӣ ва илмию ташкилии олимони соҳибмактаб барои рушди устувори илм ва омода намудани насли нави муҳаққиқон аҳамияти хосса доранд.
Дар кори конференсия олимон, муҳаққиқон ва мутахассисони муассисаҳои илмӣ ва таълимии Тоҷикистон ва кишварҳои хориҷӣ иштирок менамоянд. Забонҳои кории конференсия тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ мебошанд.
Қисми пленарии конференсия таҳти роҳбарии директори Институти физикаю техникаи ба номи С.У. Умарови АМИТ Зарифзода Афзалшоҳ Қаҳрамон баргузор гардид.
Сипас, хоҳари академик Ҳикмат Ҳалимович Муминов дар бораи ҳаёт ва фаъолияти илмии бародари шодравонаш суханронӣ намуда, хотираҳои худро баён кард.
Баъдан, мувофиқи барномаи конференсия, профессори факултети химия ва муҳандисии химиявии Донишгоҳи Ҳайнан, шаҳри Ҳайкоуи Ҷумҳурии Мардумии Чин Фуминг Чен бо маърӯзаи пленарӣ таҳти унвони «Electrochemical desalination» баромад намуд.
Ҳамзамон дар конфронс директори Институти физикаю техникаи ба номи С.А. Азимови Академияи илмҳои Ҷумҳурии Ӯзбекистон, академик Олимов Хусниддин Қосимович дар мавзӯи «Вобастагии спектрҳои импулсҳои transverse-и адронҳои сабуки муайяншуда аз марказияти бархӯрдҳои p+Pb дар энергияи 5,02 ТэВ дар доираи модели дукомпонента» маърӯзаи илмӣ пешниҳод намуд.
Ҳамчунин, директори Институти физикаю техникаи ба номи С.У. Умарови АМИТ Зарифзода Афзалшоҳ Қаҳрамон дар мавзӯи «Статистическая теория анизотропной теплопроводности магнитных жидкостей» маърӯзаи илмӣ пешниҳод кард.
Дар идомаи қисми пленарии конференсия бахшида ба хотираи неки академик Ҳикмат Ҳалимович Муминов чорабинии махсус баргузор гардид. Наздикон, ҳамкорон ва шогирдони олим суханронӣ намуда, хотираҳои худро аз ҳаёт ва фаъолияти илмии ӯ баён карданд ва саҳми арзандаи академик Ҳ.Ҳ. Муминовро дар рушди илм ва тарбияи кадрҳои илмӣ ёдовар шуданд.