eDavlat
Государственные символы
RU
TJ
RU
EN
Государственные органы
Загрузка…
Онлайн-чат
Открыть меню
RU
TJ
RU
EN
КОРМАНДИ АМИТ ДАР НАМОИШГОҲИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ИХТИРОЪКОРОНИ ЗАН ДАР КОРЕЯ СОҲИБИ ҶОИЗАИ ТИЛЛОӢ ШУД
Главная
More
Национальная Академия Наук Таджикистана
Новости
КОРМАНДИ АМИТ ДАР НАМОИШГОҲИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ИХТИРОЪКОРОНИ ЗАН ДАР КОРЕЯ СОҲИБИ ҶОИЗАИ ТИЛЛОӢ ШУД
Единый портал государственных услуг
г.Душанбе улица Рудаки 33
Президент Республики Таджикистан
Правительство Республики Таджикистан
Исполнительный орган государственной власти города Душанбе
АМИТ "Ховар"
Национальный центр законодательства при Президенте Республики Таджикистан
19 августа 2026
КОРМАНДИ АМИТ ДАР НАМОИШГОҲИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ИХТИРОЪКОРОНИ ЗАН ДАР КОРЕЯ СОҲИБИ ҶОИЗАИ ТИЛЛОӢ ШУД
Шарофова Мижгона дар Намоишгоҳи байналмилалии ихтироъкорони зан дар Корея (Korea International Women’s Invention Exposition) барои ихтироъи илмии худ сазовори Ҷоизаи тиллоӣ (Gold Prize) гардид. Тибқи шаҳодатномаи пешниҳодшуда, ки 18 июли соли 2026…
Шарофова Мижгона дар Намоишгоҳи байналмилалии ихтироъкорони зан дар Корея (Korea International Women’s Invention Exposition) барои ихтироъи илмии худ сазовори Ҷоизаи тиллоӣ (Gold Prize) гардид.
Тибқи шаҳодатномаи пешниҳодшуда, ки 18 июли соли 2026 дар Корея дода шудааст, ҷоиза ба Шарофова Мижгона, намояндаи Тоҷикистон, барои ихтироъи илмии «Истифодаи экстракти Inula rhizocephala Schrenk барои боздоштани афзоиш ва муҳоҷирати ҳуҷайраҳои эндометриоз дар шароити in vitro» тақдим шудааст.
Бояд гуфт, ки ин дастоварди илмӣ натиҷаи таҳқиқоти муҳаққиқи тоҷик дар самти омӯзиши имкониятҳои истифодаи моддаҳои табиӣ дар пешгирӣ ва маҳдуд намудани афзоишу муҳоҷирати ҳуҷайраҳои эндометриоз мебошад. Гирифтани ҷоизаи тиллоӣ дар чунин намоишгоҳи байналмилалӣ аз арзиши илмӣ ва навоваронаи таҳқиқоти мазкур шаҳодат дода, барои муаррифии дастовардҳои илмии Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ аҳамияти муҳим дорад.
Намоишгоҳи байналмилалии ихтироъкорони зан дар Корея бо иштироки ихтироъкорон ва муҳаққиқон баргузор гардида, барои муаррифии ихтироъҳо, табодули таҷрибаи илмӣ ва таҳкими ҳамкориҳои байналмилалӣ дар соҳаи навоварӣ замина фароҳам меорад.
Сазовор гардидан ба Ҷоизаи тиллоӣ барои ихтироъи Шарофова Мижгона боз як дастоварди арзандаи намояндагони илми тоҷик буда, мавқеи муҳаққиқони Тоҷикистонро дар таҳқиқоти муосири илмӣ ва фаъолияти ихтироъкорӣ боз ҳам таҳким мебахшад.