eDavlat
Рамзҳои давлатӣ
TJ
TJ
RU
EN
Мақомоти давлатӣ
Боргирӣ…
Онлайн чат
Кушодани меню
TJ
TJ
RU
EN
26 - НАФАР ЗИНАИ МАГИСТРАТУРАРО ДАР АМИТ БО ДИПЛОМИ АЪЛО ХАТМ НАМУДАНД
Саҳифаи асосӣ
More
Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон
Хабарҳо
26 - НАФАР ЗИНАИ МАГИСТРАТУРАРО ДАР АМИТ БО ДИПЛОМИ АЪЛО ХАТМ НАМУДАНД
17 августи 2026
26 - НАФАР ЗИНАИ МАГИСТРАТУРАРО ДАР АМИТ БО ДИПЛОМИ АЪЛО ХАТМ НАМУДАНД
Дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар заминаи сиёсати илмпарварона ва маорифпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъалаи омодасозии кадрҳои баландихтисоси илмӣ,…
Previous slide
Next slide
Дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар заминаи сиёсати илмпарварона ва маорифпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъалаи омодасозии кадрҳои баландихтисоси илмӣ, тарбияи мутахассисони ҷавон таваҷҷуҳи хосса зоҳир мегардад.
Маврид ба зикр аст, ки тайёр намудани кадрҳои дорои донишҳои муосир, қобилияти таҳқиқотӣ ва ҷаҳонбинии илмӣ яке аз самтҳои муҳими фаъолияти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ба ҳисоб рафта, дар ин раванд зинаи таҳсилоти магистратура ҳамчун марҳилаи муҳими омодагии мутахассисони ҷавон ба фаъолияти минбаъдаи илмӣ нақши муассир дорад.
Имрӯз, 17 август дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон маросими супоридани дипломҳои хатм ба магистрантоне, ки таҳсилро бомуваффақият ба анҷом расонидаанд, баргузор гардид. Дар ҷараёни чорабинӣ президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, академик Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт ба 26 нафар хатмкунандагони зинаи таҳсилоти магистратура дипломҳои аъло супориданд.
Қобили зикр аст, ки соли 2026 муассисаҳои илмӣ-таҳқиқотии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистонро дар маҷмӯъ 113 нафар хатм намуданд. Аз ин шумора 26 нафар таҳсилоти магистратураро бо натиҷаҳои баланд ва дипломи аъло ҷамъбаст карданд.
Портали ягонаи хизматрасониҳои давлатӣ
ш.Душанбе кучаи Рудакӣ 33
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе
АМИТ "Ховар"
Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон