eDavlat
Рамзҳои давлатӣ
TJ
TJ
RU
EN
Мақомоти давлатӣ
Боргирӣ…
Онлайн чат
Кушодани меню
TJ
TJ
RU
EN
ТАЪСИС ВА ТАЪМИРИ ИНСТИТУТИ ДАВЛАТ ВА ҲУҚУҚИ АМИТ ИҚДОМИ НАВБАТӢ ДАР ОСТОНАИ ҶАШНИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ ВА ВАҲДАТИ МИЛЛӢ
Саҳифаи асосӣ
More
Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон
Хабарҳо
ТАЪСИС ВА ТАЪМИРИ ИНСТИТУТИ ДАВЛАТ ВА ҲУҚУҚИ АМИТ ИҚДОМИ НАВБАТӢ ДАР ОСТОНАИ ҶАШНИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ ВА ВАҲДАТИ МИЛЛӢ
Портали ягонаи хизматрасониҳои давлатӣ
ш.Душанбе кучаи Рудакӣ 33
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе
АМИТ "Ховар"
Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
26 июни 2026
ТАЪСИС ВА ТАЪМИРИ ИНСТИТУТИ ДАВЛАТ ВА ҲУҚУҚИ АМИТ ИҚДОМИ НАВБАТӢ ДАР ОСТОНАИ ҶАШНИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ ВА ВАҲДАТИ МИЛЛӢ
Имрӯз, 26 июн Институти давлат ва ҳуқуқи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, ки пас аз солҳои тӯлонӣ бо дастгирии Раёсати Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон пурра таъмири капиталӣ гардид, бахшида ба ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии…
Previous slide
Next slide
Имрӯз, 26 июн Институти давлат ва ҳуқуқи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, ки пас аз солҳои тӯлонӣ бо дастгирии Раёсати Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон пурра таъмири капиталӣ гардид, бахшида ба ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, 29-солагии Рӯзи Ваҳдати миллӣ ва эълон гардидани соли 2026 ҳамчун «Соли вусъат додани корҳои ободонию созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносию худогоҳии миллӣ» бо иштироки президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, академик Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт мавриди истифода қарор дода шуд.
Зимни ифтитоҳ иброз гардид, ки бо дастгирии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Институти давлат ва ҳуқуқи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дубора таъсис дода шуда, бо фароҳам гардидани шароити мусоиди илмию тадқиқотӣ фаъолияти он ҷиҳати рушди илми ҳуқуқшиносӣ, таҳқиқи масъалаҳои муҳими давлатдорӣ ва омода намудани кадрҳои баландихтисос боз ҳам тақвият хоҳад ёфт.
Қайд гардид, ки шароити мусоиде, ки имрӯз барои кормандони Институти давлат ва ҳуқуқи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон фароҳам оварда шудааст, самараи сиёсати илмпарварона ва дастгириву ғамхориҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба олимону муҳаққиқони Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон буда, барои рушди фаъолияти илмию таҳқиқотӣ ва таҳкими заминаҳои моддиву техникии муассисаҳои илмӣ мусоидати ҳамаҷониба менамояд.
Маврид ба зикр аст, ки ифтитоҳи бинои таъмиршудаи институт дар арафаи ҷашнҳои муҳими миллӣ туҳфаи арзанда ба ҷомеаи илмии кишвар буда, барои ноил шудан ба дастовардҳои нави илмӣ ва тарбияи насли нави ҳуқуқшиносону муҳаққиқон такони тоза хоҳад бахшид.