Кишвар: Ҷумҳурии Тоҷикистон Лоиҳа: Азнавсозии низомҳои обёрӣ Номи қарордод: Қарордоди № ОКС-У-2 оид ба хариди хизматрасониҳои машваратӣ барои мониторинги сохтмони пойгоҳҳои обкашии ГНС-1, ГНС-2, ДВГНС ва пойгоҳи хизматрасонии техникӣ, инчунин…
Кишвар: Ҷумҳурии Тоҷикистон
Лоиҳа: Азнавсозии низомҳои обёрӣ
Номи қарордод: Қарордоди № ОКС-У-2 оид ба хариди хизматрасониҳои машваратӣ барои мониторинги сохтмони пойгоҳҳои обкашии ГНС-1, ГНС-2, ДВГНС ва пойгоҳи хизматрасонии техникӣ, инчунин дастгирии машваратии Гурӯҳи татбиқи Лоиҳа дар самти ҳамоҳангсозии татбиқи Лоиҳа.
- Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд — «Қабулкунанда») барои маблағгузории лоиҳаи «Азнавсозии низомҳои обёрӣ» (минбаъд — «Лоиҳа») тибқи Созишнома оид ба пешниҳоди қарзи сармоягузорӣ аз ҳисоби маблағҳои Фонди Авруосиёии мӯътадилгардонӣ ва рушд (минбаъд — «ФАМР») қарзи сармоягузорӣ гирифтааст ва ният дорад, ки як қисми ин маблағҳоро барои пардохти хизматрасониҳои машваратӣ оид ба таҳияи муфассали лоиҳаи пойгоҳҳои обкашӣ ва автобаза, инчунин амалӣ намудани назорати муаллифӣ ҳангоми таҷдиди иншооти мазкур истифода намояд.
- Муассисаи давлатии «Сохтмони асосӣ ва мелиоративӣ»-и Агентии беҳдошти замин ва обёрии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон (МД «САМ» назди АБЗО), ки ҳамчун Гурӯҳи татбиқи Лоиҳа (минбаъд — «Фармоишгар») амал менамояд, бо ин ширкатҳои машваратиро барои пешниҳоди Изҳори ҳавасмандӣ ҷиҳати расонидани хизматрасониҳои машваратии дар боло зикршуда даъват менамояд.
- Хариди хизматрасониҳои машваратӣ тибқи усули Интихоб аз рӯи сифат ва арзиш мутобиқи Сиёсати харид барои лоиҳаҳое, ки аз ҳисоби маблағҳои Фонди Авруосиёии мӯътадилгардонӣ ва рушд (минбаъд — «Сиёсат») маблағгузорӣ мешаванд ва инчунин мутобиқи Тартиби гузаронидани харидҳои Фонди Авруосиёии мӯътадилгардонӣ ва рушд (минбаъд — «Тартибот»), ки моҳи ноябри соли 2018 тасдиқ шудаанд, анҷом дода мешавад. Матни мазкур дар сомонаи расмии ФАМР дар шабакаи интернет ҷойгир буда, барои ҳамаи пудратчиёне, ки ба талабот ҷавобгӯ мебошанд, кушода мебошанд.
- Ширкатҳои машваратии манфиатдор метавонанд ҳуҷҷатҳои харидро бо забони русӣ тибқи дархости хаттӣ аз рӯи нишонии дар поён зикршуда дастрас намоянд.
- Изҳори ҳавасмандӣ бояд на дертар аз 3 августи соли 2026, соати 17:00, ба нишонии дар поён зикршуда пешниҳод карда шавад:
Нишонӣ: ш. Душанбе, кӯчаи Шамсӣ 5/1
Телефон: +992 235 15 83
Почтаи электронӣ: project_alri-efsd@mail.ru
Шахси масъул: Умедчон Юлдошев