Агентии беҳдошти замин ва обёрии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сохторҳои он дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият намуда, дар нимсолаи якуми соли 2025 ҷиҳати иҷрои вазифаҳои худ, аз ҷумла таъмини истифодабарандагон бо оби полезӣ, азхудкунии заминҳои нави обёришаванда, барқарорсозии заминҳои аз гардиши кишоварзӣ берунмонда, беҳтар намудани ҳолати мелиоративии заминҳои кишоварзӣ ва гузаронидани корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ корҳои муайянеро анҷом додаанд.
Дар ин давра идораҳои беҳдошти замин ва обёрии шаҳру ноҳияҳо дар майдони 514925 гектар бо 60025 истифодабарандагони об шартномаи додугирифти обро ба имзо расонида, ба онҳо дар ҳаҷми 1 млрд. 894 млн. метри мукааб (нисбати ҳамин давраи соли гузашта 83,7 млн. метри мукааб зиёд) бо арзиши 92,5 млн. сомонӣ (нисбати ҳамин давраи соли гузашта 5,2 млн. сомонӣ зиёд) хизмати обрасонӣ намудаанд.
Аз ҷониби истифодабарандагони об дар ин давра ҳаққи хизмати обрасонӣ ба маблағи 27,9 млн.сомонӣ (нисбати соли гузашта 8,7 млн. сомонӣ зиёд) ё ин, ки 30 фоизи арзиши оби додашуда пардохт карда шудааст.
Бо вуҷуди аз ҷониби идораҳои давлатии беҳдошти замин ва обёрии шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ дар бобати бо оби полезӣ таъмин намудани истифодабарандагон пурра иҷро кардани ӯҳдадориҳои шартномавӣ аз ҷониби истифодабарандагон, хусусан кишоварзон ҳаққи хизмати обрасонӣ сари вақт ва бо ҳаҷми пурра пардохт карда намешавад, бо ин сабаб қарзҳо аз ин ҳисоб афзоиш ёфта, бақияи он бо дар назардошти солҳои пеш 353,1 млн. сомониро ташкил менамояд, ки ин дар навбати худ боиси афзоиши қарзҳои кредиторӣ, аз ҷумла қарзи суғуртаи ичтимоӣ ва ҳамаи намуди андозҳо гардидааст.
Бо мақсади рӯёнидани маблағи қарз аз ҳисоби ҳаққи хизмати обрасонӣ дар давраи ҳисоботи ба мақомоти Суди иқтисодӣ ва Прокуратура аз ҷониби идораҳои давлатии беҳдошти замин ва обёрии шаҳру ноҳияҳо ба маблағи 45,5 млн. сомонӣ ҳуҷҷат ва аризаҳои даъвогӣ пешниҳод гардида, аз ин ба фоидаи идораҳои давлатии беҳдошти замин ва обёрии шаҳру ноҳияҳо ба маблағи 7,2 млн. сомонӣ рӯёнида шудааст, боқимонда ба маблағи 38,3 млн. сомонӣ дар арафаи баррасӣ қарор доранд.
Дар мавсими обёрии соли 2024 тавассути пойгоҳҳои обкашӣ ва чоҳҳои амудӣ дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ бо истифодаи то 7,3 млн. кВт/соат нерӯи барқ дар як шабонарӯз то 380 адад дастгоҳҳои обкашӣ ва то 55 адад чоҳҳои амудӣ кор карда кишоварзонро бо оби обёрӣ таъмин намуданд.
Дар ин давра бо истифодаи 451,7 млн. кВт/соат нерӯи барқ (нисбати соли гузашта 16,7 млн. кВт/соат кам), 1 млрд. 672,6 млн. метри мукааб (нисбати соли гузашта 94,5 млн. метри мукааб кам) об бароварда шудааст. Арзиши барқи истифодашуда 58,1 млн. сомонӣ (нисбати ҳамин давраи соли гузашта 6,5 млн. сомонӣ зиёд) ва пардохти он 15 млн. сомониро ташкил менамояд.
Хароҷоти хоси нерӯи барқ барои баровардани 1 метри мукааб об дар ҷумҳурӣ ба ҳисоби миёна 0,270 кВт/соатро ташкил дод.
Қарзи идораҳои зертобеи Агентӣ аз қувваи барқи истифодашуда дар назди ҶСК “Барқи Тоҷик” 226,6 млн. сомониро ташкил медиҳад, ки сабаби асосии пайдоиш ва болоравии қарзи идораҳои давлатии беҳдошти замин ва обёрии шаҳру ноҳияҳо дар назди ҶСК “Барқи Тоҷик” пайваста баланд гардидани тарифҳои нерӯи барқ мебошад.
Барои иншоотҳои сохтмони асосии Агентии беҳдошти замин ва обёрии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби маблағҳои буҷети мутамарказ 21,0 млн. сомонӣ пешбинӣ гардида, ба рӯйхати иншоотҳои сохтмони асосӣ ва мелиоративӣ азхудкунии 180 гектар заминҳои нав, бењтар намудани таъминоти оби 2850 гектар заминњо, парма намудани 10 адад чоњи амудї, ба дарозии 0,80 км гузаронидани корњои соњилмустањкамкунї ва гузаронидани 3,024 км қубурҳо ба нақша гирифта шудааст.
Дар нимсолаи якуми соли ҷорӣ барои иҷрои корҳои сохтмонию васлкунӣ 9,58 млн. сомонї маблағ, ки 46% -и нақшаро ташкил медиҳад азхуд карда шуда, дар 750 гектар замин таъминоти об беҳтар гардонида шуд. Инчунин 1 чоҳи амудӣ сохта ба истифода дода шуда, ба дарозии 0,03 км корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ гузаронида шуд, корҳо идома доранд.
Айни замон дар соҳа панҷ Барномаҳои давлатии соҳавӣ ба арзиши умумии 2 млрд. 241 млн. сомонӣ амалӣ шуда истодаанд.
Дар доираи барномаҳои мазкур дар соли ҷорӣ ба маблағи 772 млн. 409 ҳазор сомонӣ корҳо ба иҷро расонида мешаванд.
Аз ҷумла, тибқи нақша чорабиниҳои “Барномаи бењтар намудани вазъи мелиоративии заминњои кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон” соли 2025 бењтар намудани њолати мелиоративии 15632 гектар заминњои кишоварзї бо маблаѓи 19,7 млн. сомонї ба наќша гирифта шудааст. Ба њолати 1 июли соли љорї ба маблаѓи 4,3 млн. сомонї њолати мелиоративии 4410 гектар заминњо бењтар гардонида шуда, корњо дар ин самт идома доранд.
Дар доираи “Барномаи давлатии корњои соњилмустањкамкунї дар Љумњурии Тољикистон барои солњои 2023-2027” дар соли 2025 гузаронидани корњои соњилмустањкамкунї ба маблаѓи 90,1 млн. сомонї ба дарозии 37642 метр пешбинї карда шудааст.
Дар натиљаи гузаронидани корњои барќарорсозї ва соњилмустањкамкунї дар давраи њисоботї ба маблағи 14,2 млн. сомонӣ ба дарозии 18748 метр корњо иљро гардида, корњо идома доранд.
Бо маќсади васеъ намудани майдони заминњои обёришаванда дар доираи “Барномаи давлатии азхудкунии заминњои нави обёришаванда ва барќарорсозии заминњои аз гардиши кишоварзї берунмонда дар Ҷумњурии Тољикистон барои солњои 2022-2027”, соли љорї азхуд намудани 3254 гектар заминҳои нав ва ба гардиши кишоварзӣ ворид намудани 1400 гектар заминҳои бекорхобида ба нақша гирифта шуда, дар ин давра аз ҳисоби заминҳои чарогоҳ ва заминҳои ғайрикишоварзӣ 1363 гектар заминҳои нав азхуд карда шуда, 1732 гектар заминҳои аз гардиши кишоварзӣ берунмонда барқарор ва ба гардиши кишоварзӣ ворид карда шуда, корҳо дар ин самт ҷараён доранд.
Дар доираи “Барномаи сармоягузории бо таҷҳизоти муосири каммасрафи барқӣ таъмин намудани пойгоҳҳои обкашии Агентии беҳдошти замин ва обёрии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2023-2027”, соли равон иваз намудани таҷҳизотҳо, таъмир ва барқарорсозии пойгоҳҳои обкашӣ ба маблағи 301,6 млн. сомонӣ ба нақша гирифта шуда, дар ин давра аз ҳисоби маблағҳои институтҳои молиявӣ, созмонҳои байналмилалӣ, маблағҳои буҷетӣ ва сарчашмаҳои дигар ба маблағи 33,5 млн. сомонӣ корҳо ба иҷро расонида шуда, корҳо идома доранд.
Дар доираи “Барномаи рушди соҳаи беҳдошти замин ва обёрӣ барои солҳои 2024-2028”, ки бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 июни соли 2024,№ 327 қабул гардидааст, соли ҷорӣ аз рӯи ҳамаи сарчашмаҳои маблағгузорӣ 118,6 млн. сомонӣ ба нақша гирифта шуда, дар давраи ҳисоботӣ ба маблағи 14,4 млн.сомонӣ корҳо ба иҷро расонида шуда, корҳо идома доранд.
Барои дастгирии соња дар назди Агентї 3 лоињаи сармоягузорї ба маблаѓи 135,7 млн. доллари ИМА фаъолият намуда истодаанд, аз љумла лоињањои “Бењтар намудани идоракунии захирањои об дар вилояти Хатлон”, “Системаи обёрии ба тағйирёбии иқлим ва офатҳои табиӣ тобовар ва навсозии заҳкашу заҳбурҳо дар ҳавзаи дарёи Вахш” ва “Такмили идоракунии захираҳои об ва обёрӣ дар Тоҷикистон” татбиқ шуда истодаанд.
Азхудкунии маблаѓњо дар шаш моњи соли љорї 14,04 млн. доллари ИМА ё худ 80,4% нақшаи шашмоҳаро ва аз аввали татбиқи лоиҳа 50,0 млн. доллари ИМА ё худ 39%-и нақшаи умумиро ташкил медињад.
Агентии беҳдошти замин ва обёрии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун мақоми ваколатдор оид ба ҳамоҳангсозии фаъолияти ассотсиатсияҳои истифодабарандагони об (АИО) дар ҳамкорӣ бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ бо мақсади устувор намудани фаъолияти АИО корҳои фаҳмондадиҳиро бурда истодаанд.
Айни замон дар ҷумҳурӣ 242 адад АИО фаъолият менамояд, ки ба 468,3 ҳазор гектар ё ин ки тақрибан 61 фоизи заминҳои обёришавандаи ҷумҳурӣ хизмат мерасонад.
Дар мувозинаи корхонаҳои зертобеи Агентӣ 779 адад техникаҳои гуногунтамға мавҷуд мебошад, ки 215 адади онро муҳлати истифодабариашон гузашта ва корношоям гардидаанд. Айни замон танҳо 564 адади техникаҳои гуногунтамға коршоям мебошанд.
Бо истифода аз техникаҳои мавҷуда дар давраи ҳисоботӣ барои тоза намудани шабакаҳои обёрӣ, заҳбуру заҳкашҳо ва дигар чорабиниҳои дахлдор дар ҳаҷми 1830,0 ҳазор м3 корҳои заминӣ иҷро карда шуда, ба воситаи 84 адад наќлиёти боркаш 451 њазор тонна масолеҳҳои гуногуни лозима ба маконҳои муайянгардида кашонида шудааст.
Дар давраи ҳисоботи барои ба низом даровардани корҳои назоратӣ ва пешгирӣ намудани ҳодисаҳои нохуш оиди муҳофизати меҳнат, ҳаракати роҳ, техникаи бехатарӣ ва муҳофизат аз сӯхтор нақшаи чорабиниҳо ва фармону дастурамалҳои Агентӣ ба идораю корхонаҳои зертобеъ равона карда шуда, иҷрои он таҳти назорати қатъӣ гирифта шудааст, дар ин давра ягон ҳодисаи нохушӣ истеҳсолӣ ба қайд гирифта нашудааст.
Ба њолати 1 июли соли љорї шумораи кормандони соња 5357 нафарро ташкил дода, аз он дар соњаи истифодабарї 5244 нафар ва дар сохтмон 113 нафар кор ва фаъолият намуда истодаанд. Музди миёнаи моњонаи кормандон дар ин давра 1194 сомониро ташкил медињад.
Дар давраи ҳисоботи ҷиҳати баррасии муроҷиатҳои шаҳрвандон тибқи талаботҳои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ” тадбирҳои мушаххас андешида шуда, аз 4 адад арзу шикоятҳои шахсонӣ ҳуқуқӣ, 71 адад шахсони воқеӣ ва 7 адад муроҷиатҳои шифоҳии ба Агентӣ воридгардида, 66 адади он ҳалли худро ёфта, 16 адади он дар ҳолати баррасӣ қарор доранд.
Қабули шаҳрвандон ва ҳалли масъалаҳои вобаста ба муроҷиати онҳо аз ҷониби кормандони масъули Агентӣ дар доираи салоҳият ва ваколат арзёбӣ карда мешаванд.
Дар ин давра ба дастгоҳи марказии Агентӣ 509 адад аснод аз Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дохил гардида, қисмати зиёди онҳо ба иҷро расонида шудаанд.
Дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу аҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мадди назар қарор дошта оид ба иҷрои онҳо тадбирҳои зарурӣ андешида шудааст.
Дар ин муддат аз ҷониби дастгоҳи марказии Агентӣ оид ба иҷрои аснод ба ташкилотҳои болоӣ ва корхонаву идораҳои зертобеъ 987 адад аснод ва 70 адад фармоишҳои қабулгардидаи Агентӣ ирсол карда шудааст.
Вазифаҳои муҳимтарини Агентӣ дар нимсолаи дуюми соли 2025 таъмини мӯътадили обистифодабарандагон бо оби обёрӣ, аз худ кардани 3254 га замини нав, барқарорсозии 1400 га заминҳои аз гардиши кишоварзӣ берунмонда, беҳтар намудани ҳолати ғайриқаноатбахши мелиоративии заминҳои корами обӣ дар майдони 11222 гектар ва гузаронидани корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ ба дарозии 18894 метр бо мақсади пешгирӣ аз офатҳои табиӣ марбут ба об ва эмин нигоҳ доштани маҳалҳои аҳолинишин ва иншоотҳои хоҷагии халқ мебошанд.