Директори Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Санаи таваллуд: 31 августи соли 1973
Ҷойи таваллуд: Ҷумҳурии Тоҷикистон
Таҳсилот:
Солҳои 1993-1998 дар коллеҷи Олии ҳарбии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳсил кардааст; Солҳои 2002 – 2004 дар Академияи умумиқушунии ба номи М.В. Фрунзеи Қувваҳои Мусаллаҳи Федератсияи Россия таҳсил намудааст;
Соли 2021 Донишгоҳи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо ихтисоси “Ҳуқуқшинос” хатм намудааст;
Бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 сентябри соли 2026 бо рутбаи генерал-лейтенанти хизмати назорати маводи нашъаовар сарфароз гардонида шудааст.
Бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вазифаи Директори Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин гардидааст. Оиладор, соҳиби 2 фарзанд.
Бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо рутбаи генерал-майори хизмати назорати маводи нашъаовар сарфароз гардонида шудааст. Дар давраи фаъолияти хизматиаш Самад Зафар Тағой борҳо бо мукофотҳои идоравӣ аз ҷониби роҳбарияти Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин аз ҷониби раисони вилоятҳо, шаҳрҳо ва ноҳияҳо барои ташкил ва баргузории машқҳои ҳарбӣ бо сипосномаҳо, ифтихорномаҳо ва нишони сарсинагӣ сарфароз гардонида шудааст.
Бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вазифаи муовини якуми Директори Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин гардидааст. Барои хизматҳои арзандааш бо мукофотҳои давлатӣ ва идоравӣ сарфароз гардонида шудааст:
Дар вазифаи муовини сардори Раёсати муҳофизати сарҳади давлатии Сарситоди Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият намудааст. Дар ҷараёни фаъолияти хизматиаш дар амалиётҳои ҷангӣ иштирок намудааст.
Дар Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон вазифаҳои командири баталёни алоҳидаи тирандози куҳӣ, командири бригадаи якуми зудамал ва муовини сардори Сарситод оид ба хизмати қӯшунҳо ва бехатарии хизмати ҳарбиро ишғол намуда буд.
Дар вазифаи командири баталёни якуми фаврии таъиноти махсуси Қӯшунҳои дохилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият намудааст.
Хизматашро дар Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вазифаҳои командири баталёни махсуси зудамал ва командири полки комендантӣ идома додааст.
Дар Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вазифаҳои командири взводи танкии ротаи танкӣ, командири ротаи танкӣ, муовини командири баталён оид ба аслиҳа ва техникаи ҳарбӣ, сардори ситоди қисми ҳарбӣ ва командири баталёни ҳамлаовари десантӣ адои хизмат намудааст.