20 декабри соли 2025 дар Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон курси такмили ихтисос барои масъулони мақомоти марказии ҳокимияти давлатӣ аз рӯи барномаи таълимии «Сиёсати давлатӣ оид ба инноватсия ва рақамикунонӣ» ба…
20 декабри соли 2025 дар Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон курси такмили ихтисос барои масъулони мақомоти марказии ҳокимияти давлатӣ аз рӯи барномаи таълимии «Сиёсати давлатӣ оид ба инноватсия ва рақамикунонӣ» ба анҷом расид. Курси мазкур тибқи нақша-ҷадвали Донишкадаи такмили ихтисос ва бозомӯзии хизматчиёни давлатӣ баргузор гардид.
Зимни ҷамъбасти курс таъкид шуд, ки дар раванди омӯзиш шунавандагон донишу малакаҳои касбии худро вобаста ба самтҳои афзалиятноки сиёсати давлатӣ дар соҳаи инноватсия ва рақамикунонӣ, ҷорӣ намудани технологияҳои рақамӣ дар идоракунии давлатӣ, ҳукумати электронӣ, амнияти иттилоотӣ, таҷрибаи байналмилалӣ ва идоракунии тағйирот дар шароити рақамикунонӣ такмил доданд. Дарсҳо бо истифода аз усулҳои муосири таълим гузаронида шуда, ба масъалаҳои амалӣ ва таҳлили таҷрибаҳои пешқадам диққати махсус зоҳир гардид.
Баромадкунандагон иброз доштанд, ки баргузории чунин курсҳо ба баланд бардоштани сатҳи касбият, ҷаҳонбинии рақамӣ ва қобилияти татбиқи самараноки сиёсати давлатӣ дар соҳаи инноватсия мусоидат менамояд. Таъкид гардид, ки рушди иқтисоди рақамӣ ва баланд бардоштани сифати хизматрасониҳои давлатӣ аз сатҳи омодагии касбии хизматчиёни давлатӣ вобастагии зич дорад.