ҶАМБАҲОИ ҲУҚУҚӢ ВА МАЪНАВИИ РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз санаҳои муҳим ва пурмаънӣ дар тақвими давлатдории миллӣ ба ҳисоб меравад. Ин рӯз ифодаи эҳтирому арҷгузорӣ ба шахсияти Сарвари давлат ҳамчун кафили истиқлолияти миллӣ, ваҳдат, субот ва пойдории давлати…
Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз санаҳои муҳим ва пурмаънӣ дар тақвими давлатдории миллӣ ба ҳисоб меравад. Ин рӯз ифодаи эҳтирому арҷгузорӣ ба шахсияти Сарвари давлат ҳамчун кафили истиқлолияти миллӣ, ваҳдат, субот ва пойдории давлати демократӣ мебошад. Рӯзи Президент аз 16 ноябри соли 2016 расман ҷашни умумимиллӣ эълон гардида, ба ду воқеаи таърихии сарнавиштсоз марбут аст:
Иҷлосияи XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 16 ноябри соли 1992 дар шаҳри бостонии Хуҷанд баргузор шуд ва дар он Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Раиси Шурои Олӣ интихоб гардид, инчунин рӯзи 16 ноябри соли 1994, ки дар он Сарвари давлат нахустин бор дар назди халқу Ватан савганд ёд кард. Ин ду рӯйдод оғози марҳалаи нави давлатдории миллӣ ва таҳкими пояҳои истиқлолияти сиёсиву ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шумор мераванд.
Дар ин давра бо роҳбарии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, кишвар аз вазъи буҳрони сиёсӣ ва ҷанги шаҳрвандӣ ба марҳалаи сулҳу субот, ваҳдат ва рушди устувор роҳ ёфт. Маҳз роҳбарии хирадмандонаи Пешвои миллат ба таҳкими пояҳои конститутсионӣ, пойдории истиқлолияти давлатӣ ва ҳифзи арзишҳои миллӣ мусоидат намуд.
Дар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мақоми Президент ҳамчун сарвари давлат ва ҳокимияти иҷроия (Ҳукумат) муқаррар шудааст. Тибқи моддаи 64-и Конститутсия, Президент ҳомии Конститутсия ва қонунҳо, ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, кафили истиқлолияти миллӣ, ягонагӣ ва тамомияти арзӣ, пойдорӣ ва бардавомии давлат мебошад.
Моддаҳои 65 то 72 тартиби интихоб, савгандёдкунӣ, салоҳият, дахлнопазирӣ ва дигар ҷанбаҳои ҳуқуқии фаъолияти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро муайян мекунанд.
Дар раванди таҳкими пояҳои ҳуқуқии давлат ва таҷрибаи амалии роҳбарӣ, ба Конститутсия тағйиру иловаҳои муҳим ворид карда шуданд. Мувофиқи қисми панҷуми моддаи 65, маҳдудияти ду муҳлати пайдарпайи Президент нисбат ба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат татбиқ намегардад. Вазъи ҳуқуқӣ, мақом ва ваколатҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллатро Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат» муайян менамояд.
Қонуни мазкур, ки 9 декабри соли 2015 қабул шудааст, идомаи мантиқии рушди ҳуқуқии давлатдории миллӣ мебошад. Дар он Пешвои миллат ҳамчун шахсе эътироф мегардад, ки барои пойдории истиқлолияти давлатӣ, барқарории сулҳу ваҳдат, таҳкими пояҳои давлат ва ҳимояи манфиатҳои миллӣ хизматҳои таърихӣ кардааст.
Қонуни мазкур ба шахсияти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мақоми махсуси ҳуқуқӣ медиҳад ва хизматҳои ӯро дар роҳи эҳёи давлатдории миллӣ, суботи сиёсӣ ва пешрафти ҷомеа расман эътироф менамояд. Бо дарназардошти аҳамияти бузурги сиёсӣ ва маънавии ин мақом, 15 апрели соли 2016 бо пешниҳоди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» илова ворид карданд, ки мувофиқи он ҳамасола 16 ноябр ҳамчун Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷлил карда мешавад.
Ин рӯз, аз як ҷониб, таҷассумгари эҳтироми халқ ба Сарвари давлат ва ниҳоди президентӣ мебошад; аз ҷониби дигар, рамзи сипосгузорӣ ба сиёсати сулҳоҷуёна, ваҳдатофарӣ ва давлатсозии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад.
Аз нигоҳи ҳуқуқӣ, Рӯзи Президент ифодаи нақши конститутсионии Сарвари давлат ҳамчун кафили ягонагии миллӣ ва пойдории низоми давлатӣ мебошад; Аз нигоҳи маънавӣ, он ҷашн арҷгузорӣ ба шахсияти роҳбари миллӣ аст, ки Тоҷикистонро аз вартаи нобудӣ наҷот дода, онро ба сӯи рушди устувор, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ раҳнамун сохт.
Ин рӯз рамзи эҳтироми тамоми мардуми Тоҷикистон ба хизматҳои беназири Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад, ки бо сиёсати хирадмандона ва ваҳдатофаринаш давлат ва миллатро аз хатари парокандагӣ ва нооромиҳо наҷот дод.
Ҷашни Рӯзи Президент, ки дар Тоҷикистон бо қонуни махсус муқаррар шудааст, на танҳо фарорасии тантанаи давлатӣ мебошад, балки рамзи ваҳдат ва ҳамбастагии тамоми шаҳрвандон мебошад.
Он арҷгузорӣ ба нақши Пешвои миллатро дар таҳкими истиқлолият, ҳифзи арзишҳои миллӣ ва таҳкими пояҳои давлатдории миллӣ ифода мекунад.
Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат» низ вазъи ҳуқуқӣ ва мақоми Пешвои миллатро дар низоми давлатӣ муайян мекунад. Тибқи ин қонун, Пешвои миллат соҳиб ҳуқуқҳои махсус, дахлнопазирӣ ва кафолатҳо мебошад, ки ҳифзи устувории давлат ва рамзи ваҳдати миллӣ ба он вобаста аст.
Ҳамчунин, қонун фаъолияти Пешвои миллатро пас аз қатъ шудани ваколатҳои президентӣ таъмин намуда, ба ӯ манзил, нақлиёт, хизматрасонии тиббӣ ва дигар имтиёзҳои заруриро муқаррар мекунад.
Аз ҷиҳати маънавӣ ва фарҳангӣ, Рӯзи Президент на танҳо ҷашни сиёсӣ, балки таҷассуми эҳсоси амиқи ифтихор аз давлатдорӣ ва шинохти худи миллӣ мебошад. Ин рӯз ба ҳар шаҳрванди кишвар хотиррасон мекунад, ки суботу оромӣ, истиқлол ва ваҳдати миллӣ натиҷаи заҳмати пайгирона ва роҳбарии хирадмандонаи Пешвои миллат аст. Дар замони пуртазоди ҷаҳонӣ, чунин арзишҳои маънавӣ барои ҳифзи ҳамбастагӣ ва пойдории ҷомеа аҳамияти бузург доранд.
Ин ҷашн мардумро ба эҳтиром ба роҳбар, садоқат ба давлат ва риояи арзишҳои ахлоқию фарҳангии миллат даъват мекунад. Ҳамзамон, он воситаи бедор намудани ҳисси ватандӯстӣ, масъулиятшиносӣ ва ҳамбастагии миллӣ аст.
Дар муассисаҳои таълимӣ, корхонаҳо ва ташкилотҳои давлатӣ дар ин рӯз чорабиниҳои маърифатӣ, мулоқотҳо ва вохӯриҳои тарбиявӣ баргузор мешаванд, ки ба баланд бардоштани маърифати сиёсӣ ва худшиносии шаҳрвандон мусоидат мекунанд.
Рӯзи Президент ҳамчунин ҷашни арҷгузорӣ ба заҳматҳои Пешвои миллат дар роҳи давлатсозӣ ва таҳкими пояҳои маънавии ҷомеа мебошад. Маҳз бо шарофати ин роҳбарии дурандешона, халқи тоҷик имрӯз дар фазои сулҳу амният зиндагӣ дошта, бо ифтихор аз дастовардҳои даврони истиқлол сухан мегӯяд.
Аз ин лиҳоз, Рӯзи Президент барои ҷомеаи тоҷик рамзи ваҳдат, субот ва ифтихори миллӣ гардида, аҳамияти он аз доираи як ҷашни расмӣ фаротар меравад.
Он мардумро муттаҳид месозад, ба зиндагии осоишта ва ҳадафҳои миллӣ рӯҳ мебахшад ва ҳамчун мактаби худшиносӣ, ватандорӣ ва эҳтиром ба давлатдории миллӣ хизмат мекунад.
Қодирзода Сарвиноз Пулод, нотариуси давлатии Идораи нотариалии давлатии ноҳияи Варзоб